Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
би шабатон бинед, талхакафу талхамэрг мешавед. Ман Ватанро ҳимоя кардам... Дастҳо ба пас бо сари баланд аз назди ҳамдеҳагон, ки гирди вертолётҳо ҷамъ омада буданд, қадам мемонд. Ба саломи намояндаҳо алек нагуфт, онҳоро писанд накард... Раиси колхоз назди ӯ омад.
— Бобои Сафар, салом, — ба оғӯш кашид вайро. Пурсу посаш кард, дасташро раҳо надода вайро назди намояндагон бурд.
— Ин кас иштирокчии ҷанг, яке аз одамони намоёни Сабзазор, — ба онҳо шиносонд ӯро, таърифаш кард... Номи писарони ӯ Кабиру Акбархонро ба забон овард. Гуфт, ки онҳо худашон кайҳо ба водӣ фаромаданд, бо хоҳиши падар, бо розигии ӯ. Суханҳои охири раис дурӯғ буданд. «Ман аз Сабзазор рафтани писаронамро намехостам, онҳо ба гапам надаромаданд, гӯш надоданд» гуфтанӣ буд ӯ, лабонаш мечунбиданд. Лекин раис ба ӯ имкони гап задан намедод. Таъриф мекард ӯро, ба ақидаи худаш, забонширинии Нуриддинровро бобои Сафар медонист. «Нони гандум надошта бошад ҳам, забони мардум дорад ин одам», мегуфт ӯ гоҳе пеши ҳамдеҳагон дар ҳаққи раис... Касе қорафтод шуда ба идораи ӯ мерафт, аз наздаш розӣ базмегашт, ба дили ҳама раҳ ёфта буд. Аз афташ, барои ҳамин ҳам имрӯз намояндагон раисро ҳамроҳ оварда буданд. Дар ҳозирии раис кӯҷокӯчии аҳолӣ имрӯз ба дигар ранг суръат мегирифт... Милиционерҳо ба мардум кордор набуданд, дар каноре нишаста буданд. Милиционери хароби қоматбаланд ҳам, ки дина дарвозаи бобои Сафарро кушода: «пагоҳ аз ҳамин ҳазлӣ сар мекунем» гуфта буд. Раис ҳамаи мӯйсафедони Сабзазорро ҷамъ кард, хурду калонро ҳозир кунонд. Абдурасули дароз, холаи Риския, ҳатто Шодибеки девона дар паҳлуи ӯ менишастанд... Раиси дар гап «бало» ба ҳозирон гуфт, ки ҳамаи аҳли району роҳбарони колхоз ғами сабзазориҳоро мехӯранд, хурду калонашон ба онҳо азизанд. Мехоҳанд, ба сари ягон нафар осебе наояд. Осеб, нохушӣ бошад, чун балои муаллақ болои сари онҳо овезон. «Дар ғафлат намонанд, зинда бошанд, боз соҳиби ҳама чӣ мешаванд. Дар водӣ колхоз барояшон ҷою манзил ҷудо кардааст. Ба онҳо замин медодаанд»... Ӯ як олам гапи неку хайр гуфта, баъд аз чанд мӯйсафеди дигар хоҳиш кард, ки ба аҳолӣ насиҳат гӯянд... Дар бораи бобои Сафар ҳарф зад раис, қаҳрамониҷояшро

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо