Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Ӯ назди хоросанги хонамонанде истод. Он сӯтар аз он ҳавлии раҳматии хусураш. Бо Садбарг дар ҳамин ҷо тӯй шуда буд. Гоҳе паси ҳамин харсанг бо ҳам вомехӯрданд. Ин санг шоҳиди рӯзҳои хушу хуррам ва ҷавонии онҳо. Бобои Сафар ҳоло аз назди санг гузашта ҷониби гӯристон мерафт. Мадфани падару модар, Садбаргаш. Умеди дар бари онҳо хок шудан дошт...
Лекин насиб набудааст. Меравад, хокдони аҷдодон, падару модар, Садбаргашро гузошта...

Пагоҳӣ, ҳангоме ки нурҳои офтоб аз паси теғаҳои кӯҳ болои Сабзазор меафтод, дар осмон боз вертолётҳо пайдо шуданд, боз болои хирманҷою боғи бобои Араб фуруд омаданд. Ҳамон милиционерҳо, одамони дирӯза, пайдо шуданд. Раиси колхоз Нуриддинов, ки бобои Сафар вайро мешинохт ва чанд нафари дигар ҳамроҳашон. Ҳисоби намояндагон зиёд шуда буд. Ин ҳам бесабаб не. Рӯзи гузашта байни онҳо ва мардуми Сабзазор ҷанҷол хест... Абдураҳими дароз шаттоҳӣ карда гуфт, ки ба ҳеҷ ҷо камеравад, ба вай чака шаванду бинанд. Давраи зӯрию манманӣ не, ҳақ надоранд, ғами вайро нахӯранд.

Холаи Ризкия ҳам гирёну нолон даст ба дуо бардошт, ба намояндаҳо, ба онҳое, ки вайро «беҷову бемакон» карданианд, аз худо рӯзи сиёҳ талаб кард.

Шодибеки девонаавзо бошад, камони шикориашро аз китф намонда аз як гӯша ба сари калонҳо дӯғ мезад:
— Мекушам, якто намонда мекушам.
Маълум, ки аз воқеаҳои дирӯза чашми намояндаҳо ҳаросида буд. Фаҳмида буданд, мардум дигар ба осонӣ ба гапи онҳо намедароянд... Шӯру шанғе сар мезадагӣ барин. Барои ҳамин ҳам раисро овардаанд, барои ҳамин ҳам бисёртар шудаанд...

Ҳодисаҳои дирӯза чашми бобои Сафарро ҳам кушода буд... Вай фикр карда, кӣ буданашро эҳсос намуд. Инвалид, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ...
Деҳқони хокпош, меҳнатдӯст... Вай ҳатто имрӯз либосҳои дигар, шиму костюми навашро пӯшида буд. Ордену модалҳо дар пеши бар овезон, ришу бурутҳояш паст қайчӣ зада... Дар сараш тӯпии нави чоргул. Либосҳояш ба қади баланду пайкари ҳузарбаш мезебид...
Вай ҳам имрӯз бо намояндаҳо дурустакаҳ ҷангу ҷанҷол бардоштанӣ буд: ғам нахӯред, ман дар ҷанг намурдам, рӯзҳо ба сарам омаданд, ки шумоҳо дар хо

пешина
аз 399
навбатӣ