Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

деҳа зери хоку сангҳои кӯҳ мемонад, мурдаи падарро пайдо карда наметавонанд. Марги ваҳмангез.
— Мурам, ҳамроҳи қавму ҷамъ мемурам, дар Сабзазор мемурам, ба шумоҳо ҳама хандиданд... Ҳеҷ чӣ ҳеҷ гап не, маро партофта гурехтед...— ҷавоб мегардонд ба фарзандон.
Ҳоло бошад, мегӯянд, ҳамаро мекуҷонанд, хоҳанд нахоҳанд. Бозӯрӣ. Аз ин гапҳо вай тарсид. Шабҳо хобаш намебурд, хонаи ҳамсояҳо мерафт, гӯш меандохт, беҳушу беёд барин шуда буд. «Наход мардумро бозӯрӣ куҷонанд, дурӯғ будагист...» Ҳамдеҳаҳо андӯҳи бобои Сафарро ҳис карданд, медонистанд, ӯ ғам мехӯрад.
Дар ҳаво вертолётҳо, ба ақидаи бобои Сафар, чун калхотҳо пайдо шуданд, болои Сабзазор чарх заданд, баъд ба боғи бобои Араб, дар хирманҷой фаромаданд. Намояндаҳо, роҳбарони колхоз, милиционерҳо омаданд. Сабзазориҳоро барои кӯҷондан омада буданд. Ҳама дар ташвишу ҷунбуҷӯл афтоданд. Аз кӯдакони гаҳвора то пирони барҷомонда. Гӯё барои сабзазориҳо қиёмат шуда, офтоб болои сарашон паст фуромада буд, сӯхта бирён мешуданд. Онҳоро аз хонаю дар аз зодгоҳи азизашон мебурданд. Дилҳо пора, ҷигарҳо хун... Ҳамон рӯз то бегоҳ базӯр кӯчи чор-панҷ бунаро бор карданд... Хонаи гург беустухон не, гуфтагӣ барин касе набудааст, ки камбизоат бошад... Гову гӯсфанд, бузу бузголаҳоро ҳам ба вертолётҳо бор мекарданд. Онҳо баос мезаданд. Ғалогула, даводав, афту хез, ба дараҷае буд, ки саг соҳибашро намеёфт... Ҳавлиҳо, рӯи роҳу роҳравҳо пури кӯчу чораи мардум. «Хуб бою будаманд будаанд инҳо...» ангушти ҳайрат мегазиданд намояндаҳо.
Он бегоҳирӯзӣ охирин вертолёт аз болои Сабзазор баланд шуд... Чор-панҷ ҳавлӣ холӣ гашт. Аҳли онҳо ҳамсояҳои наздик, ҳамсояҳои меҳрубони бобои Сафар буданд... Фардо навбати ӯ.
Сабзазори онҳо кай бунёд гашта буд? Касе ёд надорад. Вале имрӯз-пагоҳ ному нишонааш барҳам мехӯрад. Номи Сабзазор аз дунё, аз дилҳо гум. Ҳайфи он, сад ҳайф... Занону духтарон аз чашман таги чинори лаби ҷар об мебурданд. Онҳо аз назди бобои Сафар мерафтанд, хомӯш, намехандиданд. Бинои нимвайронаи масҷид намоён шуд. Охирин нурҳои офтоби бегоҳирӯзӣ болои шоҳу навдаҳои чинорҳои баланди саҳни масҷид ҳанӯз ҳамоил. Баргҳои чинор сабз, зумурадгун...

пешина
аз 399
навбатӣ