Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

умеде, ки чӣ мегуфта бошанд. Фарзандони бобои Сафар хабари фурӯравии деҳаашонро шунида, чӣ хеле мегӯянд, шабашонро саҳар накарданд... Кӯчу бандашонро ғун намуданд.
— Кӯҷо? — пурсиданд ҳамсояҳо.
— Меравем, колхоз хона дод.
— Мӯйсафед ҳам меравад?
— Ихтиёрашон, — бо ситеза ҷавоб медоданд.
Падар ба кӯчидани онҳо розӣ набуд.
— Меравем, додо.
— Ба гапи ман гӯш намекунед?
— Шуморо ҳам мебарем.
— Наравед...
Бачаҳои бобои Сафар кӯчу бандашонро ба хару аспҳо бор карда, аз деҳа баромада рафтанд. Мӯйсафед монду ҳавлии калон, хонаҳои дарунбадаруну ҳаштдаҳ сар бузу бузғола, гӯсфанд ва саги пире, ки ӯ аз куҷое онро ёфта оварда калон карда буд. Ҳангоми раворавии бачаҳояш бобои Сафар ба ҷои дуои хайр ба онҳо гуфт: «Равед, аз аҷал гурезед, аҷал шумоҳоро дар дигар ҷо намеёбад»... Вай нагузошт, ки келину бачаҳо ба як сари хасаш чақа шаванд. Кӯрпаю кӯрпачаҳо, ашъёҳои рӯзгор аз раҳмати завҷааш монда буданд. Дар ҳама ҷо осори дастони вай. Хонаю дар, рӯзгорашонро бо ҳам бунёд карда буданд... Фарзандонаш рафтанду бобои Сафар ба хона даромад, дарро ба рӯяш баст, қариб як шабу як рӯз аз он берун нашуд. Паси дар саги пираш ҳалқа зада мехобид. Вай аз дили пурармони соҳибаш огоҳ, аз ӯ дур намешуд, гоҳе сарашро аз болои дастонаш бардошта, рӯ ба осмон уллос мекашид.
Гӯё аз холӣ шудани хонаҳо ба ваҳм афтода буд. Соҳибонашро меҷуст... Бобои Сафар ҳам баъди вафоти ҳамсараш Садбарг — баъди чор соли ҷудоӣ аз вай бори аввал худро танҳою бекас ҳис кард... Пагоҳиҳо, асои дароз дар даст, бузу гӯсфандонро нешандоз карда аз деҳа дур мерафт, ба даруни дараҳо, ба сари ёлаҳо ҳай мекард молҳояшро... Саг ҳамроҳаш. Аз ҳамин зиндагиаш розӣ буд, танҳои танҳо набуд. Шукри хешовандон, қавму ҷамъ. Ҳамсояҳо аз дар медаромаданд, бехӯроку бе нон намемонданд, дами гарм меоварданд, ӯро ба хонаҳояшон мебурданд. Писаронаш ҳам меомаданд.
Онҳо аз ӯ ҳанӯз талаб мекарданд: ҳа, гӯяд, розӣ шавад, ҳамроҳашон равад. Дар Сабзазор ӯ бе онҳо чӣ мекунад? Баъзан ӯро метарсонанд, ҳамин рӯз ё пагоҳ

пешина
аз 399
навбатӣ