Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

ҲОКИ ВАТАН

Сабзазор деҳаи калон набуд. 35-40 хонавода дошт. Хонаю ҳавлиҳо дар танаи теппа рӯ ба нишеб ҷойгир. Як ними теппа ба домани кӯҳ дарбеҳ шуда... Аз тарафи поёни деҳа Шириноб ҷорӣ буд. Дардӯчаи пургалаён, гулдур-гулдур садо медод. Садои хуш, дилнавозе. Аз болои деҳа ҳам ҷӯйчаҳои об ҷорӣ буданд, аз миёни ҳавлиҳо мегузаштанд. Шабҳо аз тобиши моҳ чун торҳои бирешими сафед метофтанд ва дар қаъри дара бо ҳам омехта ба Шириноб ҳамроҳ мешуданд... Ҳавлиҳо сердарахт. Ҳаваси ҳама ба гул, гул мекориданд. Баъзе гулҳо ба сархораҳои деворҳо расида, аз роҳу роҳрав, аз кӯчаҳо намоён. Ҳама дилдодаи деҳаашон. Ҳарчанд он аз ободиҳо дур буд, роҳаш пурхавф, ваҳмангез, пайроҳаҳое, ки то ба теғаҳои осмонбӯси кӯҳ, то кабудии осмон гӯё расидаанд. Аҳли деҳаро ба водӣ кӯчонданӣ шуданд, маслиҳат андохтанд, лекин касе «мекӯчем, мо розӣ» нагуфт, номаъқул кардаанд, мо ҷою макони бобою бобокалонҳоямонро партофта ба ҳеҷ куҷо намеравем, оворагӯр намешавем, беватан шуданӣ набуданд. Лекин воқеае рӯй доду сабзазориҳоро ба водӣ кӯчонданӣ шуданд, воқеаи нохуш, хабари мудҳиш.

Аввали баҳор серборон омад. Ҳарҷо-ҳарҷои теппа сӯрохиҳо пайдо шуданд, деҳа гӯё ба ҷониби дарё мехамид. Аз Душанбе олимҳо омаданд, сабзазориҳоро кӯчонданӣ шуданд, ба таври таъҷилӣ.

— Куҷо?

— Чаро меравем?

— Не, намемеравем, чизе дар насибамон бошад, мебинем. Дар ҷои дигар, дур аз Сабзазор, хонаю дар кардан осон нест, дигар аз куҷо меёбем ин ҳавлиҳоямонро... Гӯристонамон ҳамин ҷо, дар Сабзазор мемурем... Парешону ошуфтахотир гашта буданд одамон. Бобои Сафар ҳам якеи онҳо буд. Ӯ назди ҳаммаҳалаҳояш хомӯш, бо сари хам мегашт. Ба онҳо гӯш медод, бо

пешина
аз 399
навбатӣ