Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

аш нишон медод. Гулоби миёни кӯҳ ҳам шаҳр барин буд. Иморатҳои се-чоршӯёна, мактаб, клуб, хонаи накукорӣ, қасри кино... боз чанде биноҳои дигар...

— Ҳа, ҷӯра, Гулоб хуб обод шудааст... Лекин маро ҳеҷ кас нашинохт, салом дода мегузаранду мегузаранд, ҳамқишлоқӣ намегӯянд. Ман бегона... намегӯянд, ки мардак ҳаминҷоӣ, Гулоб ватанаш.

— Айби кӣ?

— Хайрият, боз насиби дидор будааст.

— Модарат саломатанд? Гӯй, ки аз куҷо пайдо шудӣ? Куҷо рафта будед? — Садриддин аз ӯ боз ҷою маконашро, модарашро пурсид.

— Ассалом,— ду-се нафар ҷавонҳо ба амаки Садридину бобои Рустам салом доданд.

Ҳар ду аз ин гӯё ба худ омаданд. Риштаи сӯҳбаташон канда шуд, хаёлҳои дурашон ҳам. Маркаби амаки Садриддин баландиро нишеб шуда буд, дар наздикиҳо ба чашм намеғалтид.

— Рафтем, Рустам, туро дар миёни роҳ ба гап гирифтам, хушам кандааст, роҳ гард, хуш омадӣ,— Садриддин пеш даромад.

— Камтар гардем, қишлоқро сайр кунем,— чашми Рустам аз тамошои Гулоб сер намешуд.

— Пагоҳ, Рустам, бафурсат ҳама ҷоро ба ту тамошо медиҳам, хона ба хона мегардонам, мегӯям, ки Рустам омад, ана вай...

Бобои Рустам худро бардаму бақувват, осуда ҳис кард, бо чеҳраи кушода дар ин бегоҳирӯзӣ, аз роҳравҳои Гулоб аз пайраҳаҳои зодгоҳаш бо ҷӯрааш Садриддин хонаи ӯ равон буд.

Пирамард Садриддин пеши бобои Рустам аҳли гузар, мӯйсафедҳои деҳаро хабар кард. «Бачаи раҳматии Абдусалом Рустам омадааст, зинда будааст», хона ба хона паём мебурданд.

— Наход! Модараш ҳам омадааст? Зинда будаанд?— одамоне ки аз рӯзи ба сари оилаи онҳо омада бохабар буданд, гӯё ба гӯшҳояшон бовар накарда, барои дидани вай сӯи хонаи амаки Садриддин мешитофтанд. Рӯи боми калоне, ки амаки Садриддин дар он ҷо гилему кӯрпачаҳо густурда буд, пур аз хурду калон гардид.

пешина
аз 399
навбатӣ