Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар забони ҳама гапи Рустам ва раҳмати модари ӯ, номи Қалтаи Мансур...
— Оббо Рустаме, пир шудӣ-а? Вақти аз қишлоқ рафтанат бача будӣ... Қуҷо баромада рафтед? Модарат канӣ?...— саволҳои аҳли маҷлиса беҳисоб буданд.
Вай ба онҳо ҷавоб мегуфт, аз зиндагиаш ҳикоят мекард.
— Модарам нобуд шуданд гуфтӣ? Кай? — бо таассуф пурсиданд онҳо.— Ҳайф, раҳматии занаки баномус буд.
— Андак якравӣ ҳам дошт. Аз бинӣ боло гап занӣ, димогаш месӯхт. Набошад он қадар гапе нашуда буд, ки ароз карда баромада равад...
— Ҳар чӣ буд-набуд ёдаш бахайр,— мегуфт дигаре.
— Молу мулкашон еми мардум...— даҳони як кампири миҷморук гарм шуда буд, ба касе гап намедод, коҳи кӯҳнаро бод медод. Ҳамон рӯз — дараи Лойобро ба хотир овард. Гапи Қалтаи Мансур ғел хӯрда буд.
Ҳама алам мегуфтанд аз он давраи раисии ӯ. Аз ҳама алами бобои Рустам аз ӯ бештар буд, доғҳо ба дилаш нишаст... Доғҳое, ки шифо намеёбанд, бо вай ба гӯр мераванд... Номурод шуд Парвонааш, фано гашт, дар айни ҷавонӣ, дар айни тароват...
Аз рӯзҳои охири раисии Қалтаи Мансур ҳикоят карданд. Ноором будаанд он рӯзҳо барои ӯ. Хун мехӯрдааст, сарҳисоби кораш гум, ба куҷо сар заданашро намедонистааст, саги сӯзанхӯрда барин шудааст. Одамони аз ноҳия омада қариб як ҳафта гуноҳҳои ӯро тафтиш кардаанд, санҷидаанд, ба арзи мардум гӯш додаанд. Вай колхозро тороҷ карда будааст. Ҳабсидадагон аз ҳад зиёд, даъвогарҳо беҳисоб, дод мегуфтанд аз дасти ӯ... Қалтаи Мансурро бурдаанд, куҷо шудааст ӯ, нафаҳмидаанд, дигар ба деҳа барнагаштааст.
— Касофат буд ӯ,— гуфт касе.
— Ғариб шуд.
— Касе бадӣ кунад ба одамон, бадӣ мебинад, ба бало мерасад, кӯру кӯҳрӣ мешавад...
Ҳамин тавр мегуфтанду мешуниданд аз он рӯзҳо...
Баъд ҳамдеҳагони бобои Рустам бо вай хайру хуш карда рафтанд. Болои бом барои ӯ ҷой густурданд... Даруни ҷойхобаш дароз кашид, рӯ ба ситораҳо, осмони софу нилии деҳа... Шабе ки боз дар бағали деҳааш буд бобои Рустам... Гулобиҳо ӯро шинохтанд. Ҷӯрааш Садриддинро ёфт, Сайфиддин омад, зани раҳматии Фирдавсиро

пешина
аз 399
навбатӣ