Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳа, Садриддин, ман Рустам, туро гуфта ба Кӯлоб омадам... Парвонаро гуфта...
— Парвона ҳам дар ёдат мондааст? Ҳа, шинохтам, ту Рустамӣ, бачаи амаки Абдусалом, Рустамҷон!...
Ҷӯраҳо оғӯш ба оғӯш шуданд. «Рустам?! «Садриддин?!» — ин ҳарфҳо дар забон якдигарро сахттар оғӯш мекарданд... Ҷӯраҳои давраи навҷавонӣ дар пирӣ вомехӯрданд...
Бобои Рустаму мӯйсафеди Садриддин беҳарф, бесухан меистоданд. Гӯё ба дидагонашон бовар надоштанд, ки ҳамдигарро дидаанд... Ба сари сангҳо бархӯрдани оби шаршараҳо, хониши булбулон, баоси ғову гӯсола, бузголаю баррачаҳо, ки дар ин бегоҳӣ аз пода меомаданд, ба гӯши ин пирамардон намерасид. Онҳо танҳо садои дили ҳамдигар, нафаскашии ҳамдигарро мешуниданд. Олами хурдсолӣ, ҷавонӣ, замони дар ҳаёт будани падару модарҳо, рӯзҳои рафта, Кӯлоби ондавраро медиданд. Чашмҳо аз он айём ҳикоят мекарданд. Бобои Рустам ба мӯйсафеди Садриддин гӯё мегуфт: «Дар хотир дорӣ? Як шаб-шабе, ки моҳи пурра болои Кӯлоб буд, аз хирман ҳамроҳ омадем... Ана ҳамон дидагиамон... Он рӯзҳо ҷанг буд, Қалтаи Мансур раис буд. Салими дароз буд... Ганда буданд он рӯзҳо, занону кӯдакон, мӯйсафедони барҷомонда дар азоб буданд... Қалтаи Мансур давр меронд, ба ақидаи худаш аз нӯки қамчинаш хун мечакид... Акнун бачаҳои бачаҳоямон набинанд он рӯзҳоро...» Аламҳо тозаву дилҳо реш мешуданд.
— Ту маро суроғ карда омадӣ? Ту куҷо будӣ? Модарат...— Мӯйсафеди Садриддин ҳама чизро аз ҷӯрааш бобои Рустам пурсида донистан мехост.
— Ҳа, Садриддин, туро гуфта омадам, хайрият, ки ёфтам, хайрият... Агар туро намеёфтам, чӣ мекардам?
Дигар маро дар қишлоқ кӣ мешиносад?..
— Бахудо, ҷӯра, ҳоло ҳам ман бовар намекунам...
Пир шудему суроғ накардӣ, ба як рӯз наомадӣ, одам ҳамин хел мешавад?...
— Кӯлоб дигар шудааст, ҳамаи хонаю ҳавлӣ, дару деворҳояшро дар ҷояшон кӯфта аз нав сохтаанд чӣ?
Ба он солҳо монанд не,— бобои Рустам ба ҷои ба гилаҳои Садриддин ҷавоб гуфтан аз Кӯлоби имрӯза ҳарф мезад.
— Ҳа, канӣ Кӯлоби он рӯзҳо, ҳама дигар шуд, бин,— Садриддин аз баландии ҳашамати Кӯлобро ба ҷӯра-

351

пешина
аз 399
навбатӣ