Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
вай, Рустамро медонад. Рӯяш ба ӯ гарм тофт, шинос барин... Садриддин аст? Ё бачаи раҳматии Камол Сайфиддин? Сайфиддин ҳам ҷӯрааш буд, лекин аз Садриддин ӯ хурд буд... Ҳар ду ҳам навчаю ниҳол буданд. Яке гандумгун, дигаре сафедчеҳра. Ин пирамард ба ҳеҷ якеи онҳо монанд нест. Наход ҳамон ҷӯраҳои зебои вай чунин пири фартут шудаанд, боз асо гирифтааст...
О худаш ҳам пир шудааст-ку, аз ин мӯйсафед мондагӣ надорад... Аз он солҳои бо ҳам буданашон чилу панҷ сол мегузарад. Худи ҳамин чилу панҷ сол ҳам як умри ҷавонмард, чилу панҷ сол... ба гуфтан осон. Дар ин муддат аз ҷӯю дарёҳо чӣ қадар об меравад, оламу одамон дигар мешаванд...»
— Ассалом,— гуфт бобои Рустам ба ӯ.
— Салом,— пирамард лаҳзае аз таги мижгонҳои сафедшудааш ба ӯ уқобвор назар давонда боз ба роҳаш қадам андохт. Бобои Рустам аз ӯ ҳам чизе напурсид. Дар ин ҷо киро, чиро нигарон аст? Офтоб ба паси кӯҳ гашта дар болои Гулоб соя мефуромад.
— Ман аз шумо як чиз пурсам, бародар,— аз паси пирамард нидо кард ӯ. Пирамард ба бобои Рустам нигарист.
— Намегӯед, ки хонаи писари амаки Нусратулло дар куҷост? Бачааш Садриддин ном дошт...— гуфт бобои Рустам.
Пирамард ба ҷониби ӯ қадам монд.
— Шумо худатон аз куҷо мешаваед?
— Ман?!
— Ҳа, шумо.
— Ман аз ҳамин Гулоб.
— Аҷаб не, аз Гулоб бошед, лекин мо шуморо намешиносем-ку.— Чеҳраи мӯйсафед кушодатар шуда, табассум кард.
— Намегӯед, номи шумо чӣ? — пурсид бобои Рустам.
— Ман ҳамон Садриддини мепурсидагиатон, писари раҳматии Нусратулло.
— Ман Рустам.
— Рустам? Кадом Рустам?
— Ман писари Абдусалом, падарам дар ҷанг мурда буданд-ку, баъд мо аз қишлок рафтем, модарам қатӣ...
— Наход ту Рустамӣ?! Не, бовар намекунам... Шумоён куҷо рафта будед?...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо