Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
Чанд нафар сари роҳ меистодаанд. Дастҳо пеши бар, онҳо ба бобои Рустам салом доданд. Лекин ӯ ҳеҷ қадомашонро нашинохт, ба рӯяшон як нигоҳ карду рафт. Назараш ба қуллаҳои баланди кӯҳ буд. Сари теғаҳо пурбарф. Аз кӯчае ба кӯчаи дигар медаромад. Печ дар печ буданд онҳо. Вай куҷо меравад? Қиро меҷӯяд? Ин қадар шитобон чаро худро аз як кӯча ба кӯчаи дигар мезанад? Гулоб гуфта омад... Ана Гулоб, вай дар роҳҳои он сарсон. Парвонааш ку? Ҷойҳои ҳамроҳи ӯ қадам задаашро намеёбад. Пеши марқади аз сангҳои мармари сиёҳ бунёдшудаи ӯ ба зону зада, онро тавоф карданист... Аммо роҳи гӯристон кани? Аз деҳа берун вай. Ҳамин ҳоло ӯ аз Гулоб мебарояд. Боз ақиб гардад? Одамон чӣ мегӯянд? Деҳа шаҳр не, ҳамин ки як назар диданд, одамро мешиносанд. Хотирпарешоният ҳис шавад-ку тамом, аз пасат ҳамел мешаванд, гап меандозанд, суроғу пай мекунанд... Дар ҳақиқат ӯ киро суроғ кунад? Дари хонаи киро кушояд? «Хонаи амаки Нусратулло ку?» гӯяд? Мӯйсафед кайҳо реҳлат кардагист, аҷаб не, аз хотири баъзе гулобиҳо рафтааст. Номи писарашро гирад? Садриддин зинда бошад? Чӣ гуфта ба дари ӯ равад. Чӣ тавр ӯ худро ба вай шиносонад?
Офтоб аз сари теғаи баланди кӯҳ ба паси он мегашт, бевақт шуда буд. Ӯ тӯрхалтаашро сари сангҳои танаи девор гузошта дастҳояшро ба миён бурд. Ҳамдеҳагон аз наздаш мерафтанду меомаданд, вале ҳамаашон ношинос, ягон нафари онҳоро намедонад.
Маркабе дар олуҷазор, аз дараи Арӯсон берун омад. Ин дараи сердарахт ба назари ӯ беохир аст. Меравӣ бую меравӣ... Рӯз то бегоҳ гарди ҳам, он тарафмашро намеёбӣ. Вай аз ин дара улав-улав ҳезуми пистаю чӯби фарк меовард. Ҳоло маркабе ки аз он берун омад, тагӣ бор буд, худро базӯр пеш мекашид. Бораш ҳезум, як ними дарзаҳои ҳезум ба замин расида, ба сангу буттаҳо даргемонданд. Аз паси маркаб пирамарде пайдо шуд. Дар даст асои дарози бодомӣ дошт, он суп-сурх, баҷнло буд. Ягон-ягон аз паси маркаб по мепартофт. Пирамарди қоматбаланд, ботанутӯш. Ана ҳамин одам, аҷаб не, ӯро шиносад, солхӯрда, хелаина аст. Агар гулобӣ бошад, албатта ӯро медонад... Ҳоло пеши ӯ гап мекушояд... Бобои Рустам ба ҷониби пирамард кадамегузешт. Пирамард ҳам наздиктар омад. «Ӯ кист? Қасе бошад, аз бачаҳои ҳамондавраи Гулоб, ҳамсолони

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо