Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳоло ҳам шоху навдаҳояш дар болои сангҳо овезонанд... Бо Парвона сӯҳбат доштанд, тарҳи зиндагии ояндаашонро меандешиданд. Баъд Қалтаи Мансур омад, гиребони ҷомаи Рустам ба дасти Салими дароз афтод. «Ба ман нигар, дар хотир дор!»... мегуфт ӯ ва дастаи камчин ба сараш мефуромад. Мӯйсафед тӯр-халтай савғояшро бардошт. Духтарон пешопеши ӯ мерафтанд. Бобои Рустам каме беҳол шуда буд. Сари кӯтал биистод. Ана он сада, чашмаи зери он. Оби он нахушкидааст... Рӯзҳои ҷанг аскаронро аҳли деҳа то та-ги ҳамин сада, то сари ҳамин кӯтал мегуселониданд... Аз паси падар ӯ то ҳамин ҷо омада буд. Лекин пада-раш барнагашт. Ҳам модар, ҳам падараш гӯё якажда будаанд, ки ҳар ду берун аз Кӯлоб хок шуданд. Ам-мо ӯ хоки Кӯлоб шавам гуфта, дар пирӣ омад. Ана дар рӯ ба рӯ Кӯлобаш, Кӯлоби Боло... Он дар пастӣ, дар миёни дара. Хонаҳо, ҳавлиҳо. Ана чанористони болои деҳа. Чанорҳо кам не, зиёдтар шудаанд. То ба домо-ни кӯҳ, майдонаш расидааст. Чаҳ-чаҳи булбул ба гӯ-шаш омад. Ӯ боз хониши булбулони Кӯлобро мешунид. Нигоҳаш ҳарисона ба болои деҳа медавид. Аз хонаю ҳавлиҳои Кӯлоби қадим нишоне меҷуст. Не, он бому болохонаҳои хаспӯш, бо лой андовашуда дигар ба на-зар наменамуданд. Хонаҳо ду-сеошёна, сафед, бом-ҳояшонро бо шиферу тунука пӯшидаанд. Ҳавлии онҳо ку? Куҷо буд он? Хонаҳои Қалтаи Мансур канӣ? Ҳав-лиашон ба чашмаш нарасид, осоре ҳам не. Кӯчаҳо, ро-ҳу роҳрав, бому дарҳо ҳама дигар буданд. Лекин Кӯл-об ба монанди ҳамон солҳо сердарахт. Хонаҳо дар ми-ёни дарахтон мондаанд. Гӯё рӯи ҳар дарахте ҷодаре густурдаанд: сафед, сурх, гулобӣ... гулпӯшанд, бӯи гул меомад.

Кӯтали баланди деҳаро фуромад. Он ду духтар, ки аз вай ақиб монда буданд, пеш гузаштанд. Мӯйҳои сиёҳи онҳо аз пас гиребонҳои палтояшонро пӯшидаанд. Парвонаи бобои Рустам ҳам дар синну соли ҳамин духтаракон буд, дар тану тӯш ҳам монанди ҳаминҳо. Лекин вай бо рӯи кушода гашта наметавонист. Намегузоштанд, ки рӯи паноҳ накардани духтарон айб буд, таънаву маломат мезаданд... Ин духтаракон аҷаб не, дар ягон мактаби шаҳр ё ноҳия мехонанд, аз Кӯлоб берун ба хондан рафтаанд. Лекин Парвонаи ӯ хонда ҳам натавонист, ӯ яке аз толибилмони давраи ҷанг буд...

пешина
аз 399
навбатӣ