Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
амаки Рустам. Ҳамаашро худам медонам. Ӯ Зарнигорро сазо ҳам доданӣ буд: ту шаҳрро медонӣ, зани шаҳрӣ, Гулоби ман чӣ ҷоест, намедонӣ. Агар дар баҳорон сар-сари ёлаҳо гашта, болои сабзаҳо давида, даста-даста гули ҷавғостун ё сиёҳгӯшу наврӯзӣ мечидӣ, ё дар тирамоҳон баъди борон ҳам шуда, аз навдаи ток бо дастони худат як сар ангури тойфии тилло барин сурхро мекандӣ, дар таги дег оташ афрӯхта шиннӣ мепухтӣ, ё ба чанористони болои деҳа рафта, чаҳчаҳи булбулонро аз шохаҳои онҳо мешунидӣ, парвози турнаҳоро аз болои киштзорон медидӣ... Шапалак чист? Акаллан ту онро надидай, дар баҳорон аз паси шапалак дар гулзорон, лаб-лаби ҷӯйборон давидай?...
Пас бигӯ ту чиро дидай?»
Вале мӯйсафед ба ҷои ин ҳама чизи дигар гуфт:
— Ман меравам, занак, мехоҳам дар пирӣ аз оби Гулоб нӯшида, сер шуда аз олам гузарам.— Ӯ боз гуфтанӣ буд, ки мехоҳам як бори дигар ҷойҳои бо Парвона гаштаамро аз нав бинам, дар он ҷойҳо қадам занам, баъд мехоҳам дар паҳлуи марқади мармарини Парвона хок шавам... — Осуда, беормон, мирам...
Бобои Рустам ҷомаашро ба китф партофта аз дар
берун шитофт.
— Наход меравед? Рост мегӯед? Бо фарзандотон гап назада, хайр нагуфта?.. Наравед, аз роҳатон гардед, мардак!— ҳолаи Зарнигор саркану покан аз паси шавҳараш давид. Аммо амаки Рустам аллакай ба лифт даромада буд. Дари лифт шараққӣ пӯшида шуд. Овози занаш ба гӯши мӯйсафед расид, ки фарёд мезад:
«Шумо чӣ мекунед, мардак?! Ба ман нигоҳ кунед, истед, гардед!..»
Бобои Рустам лаби ҷӯи қаъри дара нишаста бо панҷаҳояш обро пош медод. Ӯ шабе аз ҳамин ҷо бо модараш аз деҳа баромада буд. Модараш сари кӯтал расиду рӯ ба деҳа даст ба дуо бардошт. «Роҳи рафтанам шаваду омаданам не...» — гуфта, кафҳояшро ба рӯй кашид, аммо Рустам ба ӯ пайравӣ накард, тарсид...
Имрӯз Рустам дар баҳорон ба деҳа меояд, бо ҳамон роҳи рафтааш. Танҳо меояд, бемодар... Модарашро дар мусофириҳо гӯронда омад... Хо ана он чанори миёни дара, ки бо Парвона паси кундаи он нишаста буданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо