Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

занак, дарди ту маълум, ҳаминҷой — душанбегӣ, фарзандонат ҳам, хуни нофатон ҳамин ҷо рехтааст. Гулобӣ чӣ? Вай ватани ман, вай зодгоҳи ман! Ту ҳам онҷой мебудӣ поята монда бо сарат медавидӣ, мерафтӣ, «қишлокам-ватанам» мегуфтӣ.

— Мардак, гапро ба ин тарафҳо набаред, баҳона накобед, ин ҷо ягон гап ҳаст, шуморо бероҳа кардаанд, гап ёд додаанд...

— Бероҳа! Бероҳа!!! Кадом одами ин дунё маро бо ҳамин мӯи сафедам бероҳа карда метавонад?

— Модаратон куҷоӣ буд? — занаш ба ҷои нозуки дили вай ҷанг андохт.

— Гулобӣ, падарам ҳам гулобӣ, ҳамаамон — зот ба зотамон гулобӣ...

— Чиба кампир ягон рӯз даҳон накушоданд, ки Гулоб мераванд, чаро вақти маргашон ҳам розигӣ на- доданд, ки мурдаашонро ба Гулоб баред? Не, гуф- танд. Кампир боакл буданд? «Ҷое ки рӯзам хуш гу- зарад, осуда бошам, ватанам ҳамон» мегуфтанд. Ду- шанбе ҳам барои шумо ватан, як ваҷаб кӯдак бубед, ки ба ин ҷо омадед. Обу нонашро хӯрда, аз ҳавояш на- фас гирифта ба пирӣ расидед. Фарзандҳоятон ҳам дар Душанбе ба воя расиданд, бад нарӯиданд, хонданд. Ҳоло сад кас ҳасади бачаҳои моро мехӯрад, олим, дух- тур, муаллим... Худатон бообрӯи баланд аз кор ба нафақа баромадед, пули кам намедиҳанд, ман ҳам пул мегирам, ба рӯзгорамон мерасад, аз сару гӯшамон зи- ёд. Хонаҳои нав, озода доданд, обу алов намегӯем. Дар қишлоқ чӣ хел ба ин рӯзҳо мерасем? Дар мегӯӣ, де- вор мегӯӣ, гову мол, обу намак. Боз ҳазор ташвиш... Фикр кунед, мардак, Душанберо ҳам хокдон гӯед... Мурдаю зиндаамонро бо ҳам бинем...— Даҳони халтаи гапи холаи Зарнигор кушода шуда буд, ки аз он ба са- ри амаки Рустам фавҷ-фавҷ ҳарфи неку бад мерехт... Вале ба ӯ асар надоштанд ин суханҳо. Аз он ки Зар- нигор ба ҷои нозуки дили ӯ ҷанг андохт, гӯё гӯшҳои вай ба ақидаи худаш «ғуруб гирифтанд», кару гунг ба- рин шуда буд. Рост истода буд пеши Зарнигор, ботинан бо дили захмин бо ӯ манша дошт: «Ту Зарнигор, чӣ до- нӣ, ки модари ман чаро аз Гулоб безор буд, ёди он на- кард. Надонистанат беҳ... Лекин ман меравам, хоҳӣ ту ҳам бо ман биё, нахоҳӣ, аз зодгоҳат туро берун на- мебарам. Худам «сари танҳоям» гуфта меравам.

— Ба ман насиҳат накун, занак,— суханҳои ӯро бурид

пешина
аз 399
навбатӣ