Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

ӯ он ҷо нарафт, ёди Гулоб, қавму ҷамъаш накард. Худаш ҳам дар қишлоқ ягон решаю гӯша, хешу табори наздик надоштааст. Аз он рӯзҳо чӣ қадар об аз ҷӯйҳои Гулобаш ҷорӣ шуд? Аз пиронсолони ондавраи Гулоб аҷаб не, ягон нафар намондаанд, ҳамсолони шавҳараш ба пирӣ расидаанд. Он ҷо падари фарзандони ӯро кӣ мешиносад?

— Чӣ гуфта ба Гулоб меравед, додош? Ё шӯхӣ мекунед?

— Одам ба қишлоқаш, ба ҷои хуни нофаш рехтагӣ чӣ гуфта меравад? Ҳамин хел меравам, Ватан, хокдонам гуфта меравам.

— Не, мардак, ин фикр ба сари шумо худ аз худ наомадааст, ягон кас ба шумо гӯшдарояк шудааст, алов мондааст, рӯзгори тинчу осудаи моро дида наметавонистагӣ одам будааст.

«Рост мегӯӣ, занак, ту пухта, аллакай фаҳмидай, одами ба ман гӯшдарояк шуда ҳам ҳаст, ӯ маро ба Гулоб мехонад, ӯ маро ба Гулоб мебарад. Вай маро мур гӯяд, аз афташ, акнун мемирам, зеҳ гӯяд мезиҳам... Вай Парвона аст, Парвонаи гулобӣ... Фаҳмидӣ акнун гӯшдаруяки ман кӣ? Парвона! Парвона!! Аз ӯ агар пешат гап кушоям, ту худатро саломат намемонӣ, худатро, хонаю даратро месӯзӣ, оташ меандозӣ...»

— Ҳапу дам шудед, мардак, даматон ба дарун зад? Намегӯед, вай одаме, ки ба шумо роҳ додаасту тӯша не, кӣ? Худоё имонашро қароқчӣ занад, дар гӯраш чухт монад...— Зарнигор аз сокит шудани шавҳараш бештар оташ гирифт.

— Ҳақорат накун, занак, даҳонатрӯ ғундор.

— Ҳақорат накунам? Илоҷ ёбам, гӯшти танаашро дандонгаз мекунам.

— Меравам, туро ҳам мебарам.

— Хоб мебинед, ки думатонро гирифта ба кадом як кунҷи дунё рафтаам, худамро оворагӯр кардаам...

— Меравӣ, мегӯянд-ку зан сагу мард нон, куҷое мард равад, зан аз пушташ меравад, гапи мард гап, барои ҳамин ҳам мардро марду занро зан мегӯянд.

— Ман пир шуда ақламро нахӯрдаам. Вақти аз куни полез даромада аз сари нав хонаю дар гуфтанам гузашт. Мӯям ба сафедӣ зад, ки соҳиби хонаю ҷо, як кӯру бисот шудам. Ҳамаашро еми мардум намекунам...

— Аз сари ту тилло резанд ҳам аз шаҳр намеравӣ.

пешина
аз 399
навбатӣ