Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
удаш ана боз сараш фир гашту фир, Салими дароз ба сараш гӯё қамчин бардошт. Ва дар ҷои нишастааш болои диван афтод амаки Рустам. Ӯро боз дард гирифта буд, дарди ишқ... даступо мезад мӯйсафед.
Зарнигор аз хонаи духтараш баргашт.
— Хайрият, бобош, худо рӯямро сурх кард, набераам сиҳат ёфт. Охир, очааш бандаи бетакдир, ба як кам чил даромадаасту ҳамин як фарзанд... яктаи талбидааш. Сараш дард кунад, зану шӯ талхакаф... Охир, чандтааш таги хок рафт... Моргазида шуда мондаанд. Шукр, ки ҳамин яктаашон сиҳат ёфт. Илоҳӣ дигар дарди сарашро набинанд.
Аммо сад гӯяд ҳам, гапҳои занашро бобои Рустам намешунид. Вай хаёлан дар Гулоб буд. Садриддин, бобои Нусратулло, модари Парвона, Парвона... ҳама дар гирди ӯ ғун омадаанд...
— Дадош, мегӯм, шумо ба назарам ким-чи хел метобед, хаёлӣ, гумҷӯ... Аҳволи набераю духтаратонро напурсидед, гап занам ҳам хушатон беҷо. Чӣ гап? Ё бе ман дилгир шудед? Одами ба токагӣ одат накарда· да! Хафа нашавед, мӯйсафед, ана омадам. Зиндагӣ ҳамин хел аст. Одам бо ҳам чолу кампир, ки мешудааст, аз якдигар дур шуда наметавонистааст, ёд мекардааст. Худамро намегӯед, ҳеҷ чизашон ба назарам натофт. «Чолам бе ман чӣ рӯз кашид?» гуфтаму давидам.— Кампири Зарнигор бо даҳони пурханда паҳлуи шавҳараш, болои диван нишаст.
— Занак, ман ба ту як гап дорам,— бобои Рустам ба андешаҳои худ банд буд.
— Хайр!
— Қишлоқ равам, мегӯям.
— Гулоб?
— Ҳа, занак, ба Гулоб.
«Шавҳараш ба деҳа, ба Гулоб меравам, мегӯяд? Номи ин қишлоқро Зарнигор аз шавҳараш ва аз раҳматӣ хушдоманаш шунида буд. Ба ин наздикӣ не, ҳамон солҳои ҷавонӣ, тӯй шуда ба хонаи онҳо омаданаш. «Моҳо гулобием» мегуфтанд гоҳе модару писар. Ҳаждаҳ-нуздаҳсола буд он вақт, ба шаст медарояд акнун... Қариб чилу панҷ сол мешавад, ки ин мардак аз қишлоқаш баромадааст. Дар ин муддати мадид ягон бор ҳам

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо