Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

шудааст, торикии пеш аз субҳ. Парвона дар паҳлуи Рустам. Рӯи ҷомаи вай дароз кашидааст, рӯ ба замин. Хоб нест, бо чӯбчае бехи сабзаю аҷриқҳоро кофта-кофта хаёлашро ба он андармон карда бо ӯ роз мегӯяд.

— Рустам, ту ана ҳамин шаб, чеғи хурӯсҳо, осмони софу пурситора, боғи амаки Ризо, ҳамин лаҳзаҳои
бо ҳам буданамонро аз хотир набарор, ба ёд биёр, —
хоҳиш дорад аз ӯ Парвона. Парвонае, ки барои ӯ аз таги ҷодари арӯсӣ бо алам берун давид, бо хаёли парешон, бо дидаи ашкбор Рустамро наёфт ӯ. Ӯро наёфту
«Рустам» гуфта аз ҷони ҷавонаш гузар кард. Рустам
баъд қадри ӯро донист? Васияташро, акаллан ба ҷо
овард? Не, войи ҷони мурдагӣ. Ӯ мурду Рустам рӯз дид,
рӯшноӣ дид, беаҳдӣ кард, номардӣ кард... Солҳои сол
ин духтар аз ёдаш рафта буд. Зиндагӣ, кор, зану кӯдак гуфт. Кор дошт, танҳо набуд, бо одамон буд, рӯзҳо чӣ хел мегузаштанд, намедонист. Планҳо иҷро шаванд, дар маҷлисҳо таъриф шунавам, гуфта медавиду
медавид. Баъзан аз саргармии кор сермагалӣ, ғавғои
рӯзгор худашро аз хотир баровард. Ба хаёлаш ҳеҷ чиз
натеомад. Ҳамин хел буд зиндагии давраи ҷавонӣ, айёми боқуввату бардам, бо одамон буданаш. Акнун дар
пиронсолӣ бекору танҳо, ки мондааст, Парвона, он рӯзҳо ба хотираш омадаанд. Рӯҳи Парвона аз ӯ албатта,
норозист. «Чӣ коре буд, ки туро гуфта кардам... номаъқулӣ кардам. Фоидаи кӣ? Чабр ба ҷони худам, чабр
ба ҷони модарам... Мегӯянд ку ба буттае олов афтод,
ҳамон сӯзад... Ту чӣ? — аз Рустам гила мекунад, —
маро аз хотир баровардӣ. Модарамро ҳам. Ба вай нагуфтӣ, чӣ ҳол дорӣ, очаи Парвона? Аз чӣ камбуд ҳастӣ? Як сар собун йӯхлааш кардӣ? Сатили обашро аз
дасташ гирифта аз дарвоза дарун мондӣ?... Нагуфтӣ,
ки хола, духтарат — Парвона худашро барои ман нобуд кард... нагуфтӣ. Вай ҳам чун духтари якқаю ягонааш фаромӯш шуд... Мегӯӣ, дур будам, модарам ба
Кӯлоб рафтан намонд... Ҳамин аламро ба вай ҳам, ки
мегуфтӣ, розӣ мешуд, вай ҳам дил дошт, зан буд, модар буд... Хайр аз марги кампир чанд сол рафт? Баҳона наков, айби худат. Ба қадри ман нарасидӣ, норизоам аз ту, Рустам, норизо...» «Ҳақ дорӣ, норизой кунӣ, Парвона ҳақ дорӣ. Ман қадрношинос, аз Кӯлоб, аз
ту дур. Хуб шуд, ки дарди ишқ боз маро мегирад, туро, Кӯлобро ба хотирам меорад... хуб шуд». Ба ақидаи

пешина
аз 399
навбатӣ