Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

дастаи қамчин миёни панҷаҳои ӯ. «Ба ман нигар, бин, ки туро кӣ мезанад...» аз гиребонаш мекашад, пеши рӯяш хун, олам ғарқи хун, вай дар даруни хун. Садои суруди «Шоҳмуборакбод»-гӯии одамонро мешунавад. Тӯи Парвона... Намедонад чӣ қадар вақт мегузарад. Вале ба ҳамин ҳол ҳам ӯ аз як чӣ хурсанд: Парвонаро дид, бо ӯ буд...

— Рустам, биё, хонаи мо равем.

Лабони Парвона аз табассум ғунча мегарданд. Дастони ӯ аз оринҷ боло уръёнанд, зебоанд. Аз банди дасти ӯ медорад, ба лабомаш наздик меорад.

— Ин қадар ба ман мечаспӣ, гӯё асло надида бошӣ. Биист, айб аст, бахудо изо мекашам, — чашмони духтар механданд, рухсораҳояш анор барин ранг медиҳанд.

Дар ин лаҳзаҳо мӯйсафед агар хоб бошад, парида мехезад. Сари чойхобаш нишаста бо ҳасрат сар мечунонад.

— Ҳай, ҳай, айбу шармро надон. Як даст ба ришат бар, бобои Рустам. Сап-сафед, таҳтаи дар барин. Пири дағдӣ шудие... Бачаҳоят калон-калон, набераҳоро тӯй мекунӣ, пот ба лаби гӯр расидааст, лекин дилат каҷа? Бас, он рӯзҳоро ба хотир набиёр, ба гузашта салавот гӯй, давраҳои ҷавонӣ, беаклию суламагӣ буданд гӯй. Ба хотир набиёр, гуноҳҳоятро вазнин накун, — мегуфт ба худ. Аммо лаҳзае нагузашта медиҳад, ки дар Кӯлоб гаштааст, Парвона қатиаш... Сабзаҳо дамидааст, гулхон зардак аз таги барф сар кашидаанд, сиёҳгӯш дар танаи адир дилрабоӣ дорад, қошҳояш сип-сиёҳ чун абрувони ҳамзадаи Парвона... Дар ҳамворӣ бачаҳо гӯштин мегиранд, яке дигарро ба замин меафканад, замин гарму нарм, ҳама чапак мезананд. Бобои Рустам ҳам беихтиёр чапак зад. Чапак заду худро дар хона дид. Деворҳои хона сафед, шир барин. Чевонҳои нав гирдогирди он гузошта шудаанд, қолинҳои хушранг рӯи фарши хона паҳн...

— Ба худо ба ман ягон гап мешудагӣ барин, хаёлӣ шуда мондаам, девона нашавам мегӯям, боз дар дами пирӣ... — мегуфт ба худ.

...Хурӯсҳо яке паи дигар кут-кудус чеғ мезананд. Ана хурӯси ҷилтоҷи Парвонашон ҳам аз сари шохи баланди чормағзи байни ҳавлии онҳо бол афшонда кут-кудус бонг зад. Ситораҳо чун гӯшвораҳо болои қуллаҳои пурбарфи кӯҳҳои гирди Гулоб овезон... Шаб ториктар

пешина
аз 399
навбатӣ