Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

дам карда, сари дастархон меомад. Ба пиёла чой рехта, бехудона боз ба чанд пиёлаи дигар ҳам чой мекашид. Инҳо барои кӣ? Як худаш-ку? Вай аз кӯдакиаш бо бисьёрӣ одат кардааст, худаш, танҳо, каллаи қилов барин сари дастархон нишаста чою нон нахӯрдааст.
Танҳо дастархон кушода, нону чой хӯрдан нағз не. Баъзе мӯйсафедони қишлок, танҳо, ки мемонданд, кӯча баромада ҳамроҳ меҷустанд, ки бо ҳам чой нӯшанд. Агар касе наёбанд, ноилоҷ ба хона баргашта, ба як пиёлаи дигар ҳам чой рехта, барои шахси ғоиб гуфта онро як тарафи дастархон мемонданд, баъд нону чой мехӯрданд. Ҳамин одат ҳам нағз буд. Лекин одами танҳо то кай ин хел мекунад, беҳуда худашро таскину тасаллӣ медиҳад?

Таҳтӯл карда, дарҳои хонаро пӯшида пеши лифт меомад. Он ҳам як дарди сар. Интизор мешавӣ, ки кай меояд, баъд он туро поён мефурӯрад, гӯё худи бобои Рустам пою пар надошта, ё аз пайқол монда бошад.
Не, ҳоло вай ба ин дараҷа мӯҳтоҷ нашудааст, роҳ рафта метавонад. Хайр фарз кардем, ки лифт ҳам омад, вайро ба поён бурд. Баъд ӯ куҷо равад? Дастгоҳи нонпазии вай аллакай азони каси дигар, вайро дигар паси он намегузоранд. Агар ҳар қадар хоҳад, орзу дошта бошад ҳам... Ақиб гашта, дари хонаро кушод.

Ана ҳамон рӯзҳои танҳоии зиндагии гузаштааш пеши рӯ меомад, назар ба умри рафтааш меандохт. Он як китоби азим барин. Саҳифаҳояш беҳисоб. Варак мегардонд саҳифаҳои онро, варак мегардонду варак...
Аз пагоҳ то шаб, аз шаб то саҳар ҳолаш ҳамин. Вале хондани ин китобро ҳеҷ анҷом дода наметавонист. Чӣ қадар ҳодисаҳо, хусию нохушиҳо буданд дар ин китоб. Аз хондан, аз ёдоварии онҳо бемадор мешуд. Гӯшҳояшро бо панҷаҳояш медошт, чашмонашро мепӯшид.
Лекин саҳифаҳои китоб аз пеши чашмонаш дур намешуданд... Кӯчаҳои деҳа. Даста-даста бачаҳою духтарон равонанд. Вай ҳамроҳи Парвона... Ҳамин рӯзҳо дардаш тоза шуд, чӣ хеле худаш дар дил мегуфт, дарди ишкаш... Дарде, ки таги чинори миёни дара, пеши Парвона аз зарби камчинҳои Салими дароз ба сараш омада буд. Баъдҳо ба гуфтаи модараш, ки хайрият аз танаш баромад. Вале дар рӯзҳои танҳоӣ, пирӣ боз рӯ гирифт он дард. Сарчарх мешуд, миёни торикӣ, сиёҳӣ мемонд. Сараш, ба қавли худаш, фир мегашту фир мегашт, ба худ мепечид. Пеши рӯяш ҳамон Салими дароз,

пешина
аз 399
навбатӣ