Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
завод оварда ба фикр меравад: рӯзҳое Рустам аз Гулоб ба даргоҳи он омад, дигар буд завод. Биноҳояш пастпаст, деворҳояш похса, бомҳо бо лой андова шуда ё бо хас пӯшида... Рӯзҳое ки барф баланд меборид, куракҳо дар даст, болои бомҳо баромада барф мерӯфтанд. Бо аробаҳо ба дӯконҳо нон мебурданд. Ку он аробаҳо, ку он дӯконҳо? Нестанд, гум шуданд. Акнун аз субҳ то шом ба мағзинҳои шаҳр аз завод машинҳо нон мебаранд. Нонҳои гарм, сап-сафед... Он рӯзҳои гуруснагӣ ҳам, ки одамон барои нон паси дари дӯконҳо қатор меистоданд, барои нон ҷон меқоҳонданд, чун хобу хаёл рафтанд. Нон арзон, нон беқадр, баъзан амаки Рустам онро зери по мебинад...
Бобои Рустам баъди ба нафақа баромадан албатта ҳеҷ гоҳ дар хаёли хонанишинӣ набуд. Лекин гуфтанд, ки дам гирад, камоие бошад, ёрдам медоданд.
Вале ба бекорӣ одат, ки накард, накард. Фикру андешаҳо чун кирмҳо ба дилу майнааш ҷо гаштанд. Хаёлҳои беохир, чигил ва ботил... Ҷои халосӣ не, осудан не! Аз ҳама зиёдтар хонаҳои нав ба ӯ нафориданд.
«Қафас барин, сабил монанд, инҳо!» ғур-ғур мекард.
— Ҳамсояҳо кайӣ? Онҳо куҷо шуданд? — пурсид аз
Зарнигор амаки Рустам.
— Онҳо ҳама хона гирифтанд, хонаҳояшон аз мӯ дур, дар ҳар гӯшаи шаҳр, дар фалону бисмадон микрорайонҳо.
— Ҳайфи гузари тинҷу осудаамон. Ҳамаамон хешу табор барин шуда будем, дар ғаму дард, шодию хурсандиҳоямон ҳамроҳ будем. Ҳамон ҳавличаҳои аз кӯҳна мондаи худамон хуб буд. Зарур буд, ки ҷои онҳо ҳамон бинои понздаҳ-бист қабатаро созанд. Ҷо қаҳт зада буд? Дигар он рӯзҳоро аз куҷо меёбем? Ҳайф...
кори нохуб карданд... Амаки Рустам шишта-шишта дар хонаи танҳо зик шуда, чӣ хеле мегӯянд, алов гирифта мерафт, ёди аҳли маҳалла мекард, ки даҳҳо фарсах роҳ аз ҳам дур афтода буданд. Аз дидори ошноҳо маҳрум.
Ку он гаштакҳо, дар ҳавлии якдигар сарҷамъ омаданҳо? Ҳамаашон гузаштанд, афсона, хобу хаёл буданд...
Ҳамон ҳафтаи аввали ба хонаҳои нав кӯчиданашон вай танҳо монд, як сари коқи худаш. Зарнигорро ба хонаи духтари хурдиаш бурданд. Кӯдаки майдаи Наргис бемор, ба ӯ нигоҳубин кардан лозим.
Вай пагоҳиҳо бармаҳал аз хоб мехест, дасту рӯй
шуста ба ошхона даромада, болои газ чой мемонд. Чой

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо