Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
аст. Вақти марг, вақти аз худ бехабар шудан вай дарди дилашро пинҳон дошта натавониста, ба забони ҳол омад.
Занаш, фарзандонаш, болои сари модар наздиктар шуданд.
— Дуо диҳед, оча, ҳар гуноҳе кардем, баду неке аз мо гузашт, бахшед, — ҳамсари Рустам — Зарнигор аз гирья худашро нигоҳ дошта натавонист, ин ҳарфҳоро пеши кампир ба забон оварду фигонаш баланд гашт. Фарзандонаш ҳам аз модаркалон бахшиш мепурсиданд. Кампир то даме ба худ буд, ба онҳо дуо дод. Рӯзҳои нек орзу кард. Баъд оҳиста-оҳиста аз ҳуш рафт, худаш, ҳозиронро фаромӯш кард. Парешон мегуфт. Як ҳарфаш ҳам Гулоб буду ду ҳарфаш ҳам.
— Дари хонаҳо ба пушт кушода... дари ҳавлӣ ҳам... куртаҳо сари мех, ҷомаи додои Рустамҷон ҳам... Калид дар қуфли сандуқҳо... Ҳамаро мондему баромадем... Ин духтари бақад Парвона аст, ҷанғаш накунед, вай барои ман аз чашмаи таги сада об овард, биё духтарам, биё келинам...
— Парвона кӣ? — пурсид зани Рустам.
— Дам ист, — гуфт ба зарда Рустам.
— Гулоби ман... падару модарам гулобӣ, бобою бобокалонҳоям. Ин чинори лаби сой аст, баланд аст, дастамро гир Рустам, маро аз об гузарон, ҳо ана дар он сӯи оби сой бобои Нусратулло, Садриддин, Парвона... биёед шумоҳо... маро баред, аз об гузаронед... Ана ҳамин хел, дастамро доред...
Ин суханон дар забон, модар аз об не, аз дунё, аз олами равшан гузашт, беазоб, ба осонӣ... Ӯ чашмони модарро молид, оҳиста пӯшида шуданд чашмонаш...
Баъд аз сари модар боз солҳо паи солҳо шуданд. Ҷои хонаҳои аҳли гузар биноҳои манзилӣ сохтанд. Ба онҳо хона доданд. Барои амаки Рустам ҳавлиаш, ки онро ҳамроҳи модараш бино карда буд, ин ҷо фарзандонаш ба дунё омаданд, модарашро аз ҳамин ҷо ба хокдон бурд, азиз буд. Дар ин манзил ҷавониаш гузашт, гоҳо ба ин ҷо Олимии меҳрубон меомад...
Ба манзили нав кӯчидан дар рӯзҳои аз заводи нон ба нафақа гусел шуданаш рух дода буд, ҳамон заво-де, ки ҳоло ба иттиҳодияи нонпазӣ табдил ёфтааст. Дар ин ҷо акнун нонро бо даст намешӯранд. Мошин-ҳо гузошта шудаанд, мошинҳо нон мепазанд... Гоҳо амаки Рустам рӯ ба биноҳои мӯҳташаму сап-сафеди

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо