Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

боз дупушта доира мезананд, гапам аз нав дар қишлоқ гардон мешавад.

— Ҳеҷ ҷо ҳеҷ гапе нашуда, оча, хуб аз қишлоқ ароз кардед. Дасти ҳамон Қалtai маймун ба танатон расида буд ё нарасида буд... — дар пиронсолии модар, дар синну соли рафтаи худ Рустам бо ханда, озодона он ҳодисаро ёд овард.

— Бачам, наханд, даҳонатро гиз накун, — ҳанӯз чароҳати дили модараш шифо наёфта будааст, ки қаҳри кампир омад. Вай ба сари писараш боз овоз баланд карданӣ буд, ки ба хона зани Рустам даромад. Сухан дар даҳони модараш монд. — Дам шав, — ӯ даҳонашро бо кафи дасташ пӯшонд. Аз рӯзе модар Рустамро хонадор кард, ба хона келин овард, таъкидаш намуда буд:

— Зинҳор даҳонатро накушо, ин духтари мардум нафаҳмад, ки хонаҳоятро алов зада баромада меравам...

Солҳо мегузаштанду Рустам аз ҳароси модар бо ягон Гулобӣ рӯ ба рӯ шуда наметавонист... Барои хешовандон, барои Садриддин, ёру ҷӯраҳояш, барои як хабар, ҳарфе аз Гулоб шунидан дилаш гуму гиреҳ мехӯрд. Лекин аз модар, аз зарбаю зовитан вай мехаросид.

— Агар, бачам, ҳамон рӯзе як одами қишлоқ фаҳмад, ки мо дар Сталинободем, агар як обҷӯҷаашро хона биёрӣ, аз ман умед накун, ту баҷаи ман не, ок мекунам, ширамро ба осмон меҷӯшам, дигар маро оча нагӯ... Гоҳо модар ӯро дар итоб мегирифт, дангалҳоро ба сари вай шикастанӣ мешуд... Ба гуфтае, ки аз Гулоб, аз одамони вай кимоб шуда буд.

— Номбад нашуда мемурдам, ин рӯзи сиёҳро ман ҳаргиз дар зиндагӣ чашмдор набудам, бо мӯи баданам ларзида мегаштам... мегуфт модар.

Дар дами пирӣ модар ҳоло ба ҳоли худ шуда рӯзу соати бошумори умраш монда буд. Дар ҳамин лаҳзаҳо Рустам пеши ӯ аз Гулоб гап кушод, вале модар ҳанӯз намехостааст, ки рӯяш ба рӯи ҳамдеҳагон расад.

— Розӣ нестам, ки мурдаамро ҳам ба Гулоб барӣ, — васият кард ва пас аз сукунати зиёд гуфт: — Баъди са-ри ман худат меравӣ, намеравӣ, ихтиёрат...

Лекин модараш Гулобро дӯст медоштааст, одамо-наш, хоку обашро ҳам, вай аз ҳама дилмонда набуда

пешина
аз 399
навбатӣ