Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

омад, — шикоятчию аризабозҳоро аз хук бадтар мебинанд. Имрӯз якдигарро мезанем, мекушем, пагоҳ боз мо ҳамон мешавем. Мурем ҳам гапи байни якдигарамонро ба ҳеҷ ҷо намебарем, «Ҷанги байни хешон абри баҳорон», мегӯянд. Барои ҳамин ҳам як Қалтай Мансур барин одам ба сари мардум санги осиё гардон кардасту ҳама дам, ба ягон ҷо наменависанд, аз ягон идора касе омада пурсад, пурсад, ки раисатон чӣ хел.
«Нағз» мегӯем. Ба мо бошад вайро асло аз раисӣ холӣ намекунанд. Лекин дар ноҳия хайрият, кӣ будани ӯро фаҳмидаанд. Худи котиби райком гуфт, ки агар ҳамин рӯз-пагоҳ аз фронт ягон каси босаводтар баргардад, Калтаро аз вазифа мегирем. Салими дарозро ҳам ба ҷанг мебурдаанд.

Дурӯғ будагист, — бовар накард Рустам.

Рост. Қалтай Мансур аз барои вай ҳам гап мешунавад, — бо кадом як одами военкомат забон як карда, дарози аҳмакро аз фронт гардонда будааст.

Наход вайро баранд? — Рустам гӯё афсӯс мехӯрд, гӯё ба ҷанг рафтани вайро намехост.

Аз рӯзе ки Рустамро ин одам пеши Парвона зад ва аз туфайли ҳамин одам нақшаҳои гурехтани онҳо барҳам хӯрду Парвона худашро нобуд сохт, вай аз пеши назари ӯ лаҳзае дур намешуд. Баъзан ғарқи фикр мегашт: калон шудаасту бақуввату зӯр шудааст. Касе дар Гулоб ба вай баробар не. Вақти бо Салими дароз гап задан, ҳисобӣ карданаш расидааст. Дар кӯчаи калон мебинаташ. Салим ба вай нигоҳ накарда гузашта нест. Лекин Рустам дастонаш дар миён, пеши роҳашро мегирад.

Ист, аз ҷоят наҷумб, — фармон медиҳад ӯ. Салими дароз меистад.

Дар хотират ҳаст?

Чӣ? — мепурсад ӯ.

Маро зада будӣ...

Кай?!

Пеши Парвона, дар таги чинор...

Номард, акнун ҳисобӣ мекунем, ҳамин ҷо, ҳамин ҳозир... Ман ҳам акнун туро огоҳ мекунам. Бин,
бин, ки туро кӣ мезанад, дар ёдат монад. Лекин ормонӣ нашав, тавонӣ ту ҳам зан... Ана, ман мезанам. —
Ӯ сар мекунад. Мезанаду мезанад, то дилхунук шудан,
то конеъ гаштанаш мезанад ӯро... Салими дароз дар

пешина
аз 399
навбатӣ