Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
миёни роҳи калон даст як тарафу по як тараф хобидааст. Хешу таборони ӯро пайдо карда меорад. «Бардоред, мурдаатонро соҳиб шавед» мегӯяд ба онҳо Рустам.
Ҳамин хел орзуҳо мепарварад Рустам, ба сари Салими дароз, ки аз зарби қамчинҳои вай ҳанӯз сараш дардманд аст, чунин рӯзҳо оварданист. Лекин ҳоло, дар ин шаби моҳтобӣ, дар зери капаи хирманкӯбҳо бобои Нусратулло мегӯяд, ки ӯро ба ҷанг мебаранд.
— Наход вайро баранд? — боз суол кард Рустам.
— Чӣ ту рафтани ин касофатро намехоҳӣ?
Рустам сабаби такроран аз бобои Нусратулло суол карданашро нагуфт. «Агар вай дар ҷанг мурда равад, қасосашро аз ӯ носитонда мемонад. Ҳайф...»— дар дил андеша дошт ӯ.
— Ман қишлок меравам, — аз ҷой хест Рустам.
— Садриддин ҳам ҳамроҳат меравад, — гуфт бобои Нусратулло ва онҳоро ҷавоб дод.
Аз каппа берун шуданд. Аз нурҳои моҳтоб ҳанӯз олам шир барин равшан буд. Ғарамҳои ғаллаи нокӯфта, чоши гандум, хараҳои сап-сафеди коҳ чун дар рӯи каф метофтанд. Бобои Нусратулло дар пеши каппа истода буд, қомати баландаш андаке хам, риши сафеду паҳнаш ба сандуқи сина фуромадааст.
— Рустам, — садо кард ӯ ва баъде, ки Рустам истода рӯ ба тарафи ӯ гардонд, гуфт:
— Ту бачам, дили модаратро бардор, бе ин ҳам вай ғам мехӯрад. Ту акнун майда нестӣ, калон шудаӣ. Фикрҳои беҳударо аз сарат дур кун. Калтаро ҳам аз хотирот барор... Агар ягон гап шунавам, хафа мешавам. Ту ҳам ба ман фарзанд, Садриддин барин, ҳар дуятон бароим баробар, падарат ба ман таъин карда буд, ки аз ту бохабар бошам, ба гапи ман гӯш кун, вазнин шав, санги вазнинро об намебарад...
Насиҳатҳои бобои Нусратулло дар гӯш, Рустам ба деҳа омад, Садриддин ҳам...
Модараш нахуфта буд. Кор дошт, ки ба хона медаромаду мебаромад. Рустам бо вай рӯ ба рӯ нашуда, ба ҷойхобаш — болои суфа гузашт. Се рӯз боз Рустам дар ҳамин ҷо мехуфт. Се рӯз боз бо модараш ногап. Модар дар ин рӯзҳо аз хона берун намешуд. Дарро ба рӯяш баста мехобид. Аммо ҳоло ӯ аз пешайвон фуромада пеши Рустам меомад. Рустам сарашро ба кӯрпа печонда, худро ба хоб зад. Аз модараш мекебид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо