Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
то ҳоли нашунидаам, ки аз Гулоби мо ягон маълумотбоз, гапфурӯш рӯида бошад... Барои ҳамин Гулоби мо нисбат ба қишлоқҳои дигар тинҷ аст, касе ба касе кор надорад. Як касро зада кушем ҳам, гап байни худамон мемонад. Хуб аст, ки ҳамин хел таомули нағзро омада-омада мани мӯйсафед вайрон кунам? Не, бачам, ҳаволаи одами бад ба Худо. Ганда аз ғайб ҷазо мебинад, Қалта ҳам...
Бобои Нусратулло ҳикояте гуфт. Дар Гулоб як вақт як магазинчӣ будааст. Ҳамаи моли магазинро қимат мефурӯхтааст, ба сатину чит, шоҳию бекасаб худаш нарх мемондааст. Тарозу мезадааст, ду кило қанд гиранд, нимаш кам... Боз худаш одами дағал, ҷанҷолӣ... Аз ҳад гузаронда будааст. Ҳама аз вай норозӣ, дар маъракаҳо гапашро гуфта мегаштаанд... Лекин аз болояш ба ягон идора ягон нуқта наменавиштаанд, ба гуфтае, ки маълумоташро намедодаанд. Як одами навомад, ки ҳамон сол аз Гулоб хона харида ба деҳа кӯчида омада будааст, ҳамаи кирдорҳои бади ҳамон магазинчиро, фиребгарию дуздияшро дар чанд рӯи қоғаз навиштааст, баъд ба баъзеҳо маслиҳат кардааст, навиштаҳояшро пеши онҳо хондааст, «шоҳид шавед, ба ин қоғаз даст монед» хоҳиш кардааст. «Э нее, ту ин кор ра куне, мон сарашро хӯраде, вайро худо мезанад, ҷазо мебинад, бало ба пасаш...» гуфта ҳатто он мардро коҳиш ҳам кардаанд. Лекин ӯ худаш навиштаҳояшро ба кадом идорае фиристодааст. Фиристодаасту гӯё дар Гулоб қиёмат шудааст. Милицияҳо омадаанд. Магазинчиро бурдаанд, дигар вай барнагаштааст. Ба ҷояш фурӯшандаи дигар омадааст. Мардум аз он касофат халос шудаанд, вале он марди навомад ба бало мондааст. Ҳар ҷое, ҳар маъракае пайдо шавад, одамон ӯро ба якдигар нишон медодаанд. «Ана аз ҳамин одам, алҳазар, маълумотчии ганда будааст» мегуфтаанд. «Гулоби тинҷамонро ноором карда...» ҳасрат мекардаанд. Мардум дигар ба вай рӯи хуш надодаанд, ба маҷлису маъракаҳояшон хабар намекардаанд, кухрии паси маърака шуда мондааст мардак. Ноилоҷ мондааст, рӯзе кӯчу бандашро бардоштаасту аз Гулоб рафтааст. Баъди рафтанаш ҳам «э хайрияте, аз як маълумотбоз, навис-навис мекардагӣ халос шудем...» — гуфта гулобиҳо изҳори хушнудӣ мекардаанд...
— Бачаҳом, ҳамин хел қоидаҳо ҳаст дар Гулоби мо, — бобои Нусратулло баъди ҳикояташ боз ба сари мақсад

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо