Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
— То рӯз дар ҳавлиаш ӯро поидам, дарашро кӯфтам, агар мебаромад мекуштамаш...
— Ту ҳоло ҳамин хел кардӣ? Одам куштани будӣ?
Бо ҳамин як зарра ҷонат?! — Мӯйсафед гӯё ба даҳшат афтода буд.
— Наход ту ҳамин хел кардӣ?
— Амакӣ, шумо аз ман малол нашавед, вай ба очаи ман чӣ кор кард худатон медонед-ку... Ё модари ман бесоҳиб аст? Ман мурдаам?
— Чӣ кардааст ба очаи ту? Билолазин дасташро қапида натавонистааст, худам шоҳид, дар ин дунё ҳам мегӯям, дар он дунё ҳам. Ту худат дар ҳаққи очаат тап набоф, айб мешавад.
Рустам ба суханҳои бобои Нусратулло бовар мекард. Аммо ҷаҳли мӯйсафед паст намешуд.
— Ту ба ҳеҷ кас ин гапро нагӯй, нагӯй, ки ба хонаи Қалта даромада будам. Ба куртаи танат ошкор накун. Ба сӯхтан пок намешавӣ. Имрӯз аз ноҳия одам меояд, кофтуков мекунанд, ту дам ист. Ҳайф, бисёр кори нохуб кардай. Ба худат ҷабр, ёшӣ... — бобои Нусратулло ба фикр дармонд. Аз афташ, хаёлаш ба Қалtai Мансур ба ҷабру аламе, ки ӯ ба сари аҳли ҳар хонадони Гулоб меовард, банд буд...
— Чӣ мекунӣ, ба ҳамааш ҷанг гунаҳкор, одами ба ин махлуқ гап мезадагӣ намонд, аспашу майдон... — акнун худ ба худ ҳарф мезад бобои Нусратулло.
— Чаро шумо бо вай гап намезанед? Мегӯянд, ки бо басмачиҳо ҷанг карда мукофот ҳам доред, лекин... — Рустам аз бобои Нусратулло ҳам, ки бо Қалтаи Мансур созомадӣ, муросо карда мегашт, гиламанд буд.
— Рост мегӯй, аз ман ҳам гузашт. Ҳама ба ман ҳамин хел мегӯянд, як ту не. Гӯши котиби райком ҳам аз куҷое бод ёфтааст. Гуфт, ки дар қишлоқ, чӣ гап, раис ба чӣ корҳо машғул. Аммо ман «намедонам» гуфтам.
— Чаро ҳамаи корҳои вайро нагуфтед? Хабар нарасондед? — дар дил аз бобои Нусратулло норизо шуд Рустам.
— Метарсам, бачам, яки мардум фаҳманд, ки бобои Нусратулло гапи қишлоқро бозорӣ кардааст, ба идораҳои калон маълумот додааст, чандпула одам мешавам? Сарамро ба кадом гӯр мебарам? Маълумотбозӣ, як касро дар пеши ягон калони ҳукумат ганда кардан гуноҳи қабеҳ аст. Ана мӯи ман сафед шудаасту

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо