Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Дарзахҳои гандумро канда нав ба таги пои говҳо партофта буданд. Паяҳои гандум ба таги шиками говҳо мерасиданд, онҳо роҳ гашта наметавонистанд, ба фук зада, боз мехестанд. Бобои Нусратулло онҳоро дида «омадед» гуфт ва говронаи дасташро ба Рустам дароз кард «дор» фармоиш дод. Ба Садриддин ҳам кор ёфт. Вай бо сешохи чӯбин паяҳои гандумро тунуктар мекард, онҳоро ба таги суми говҳо меандохт. Яке аз хирманкӯбҳо — мӯйсафеди Комил касал шуда, ба хонааш рафта буд. Бригадир кор намурад гуфта Садриддину Рустамро ба хирман ҳеҷ задааст....

То ними заб то мондаю шалпар шудани худашону барзаговҳо Садриддину Рустам аз паси галагов давиданд, бо навбат галагов ҳай карданд. Бобои Нусратулло ҳам аз хирман ҳеҷ ҷой нарафт, гандум бод дод, қариб се маҳӣ гандумро аз бод баровард.

Таги каппа менишастанд. Моҳи шаби чордах миёни осмон омадааст. Он гӯё киштие буд, ки дар баҳри нуқратоби осмон рӯ ба ғарб шино дошт. Замину замон аз нурҳояш мунаввар. Ғарамҳои гандум, ки чанд рӯз боз чигинакашҳо аз заминҳои дур оварда буданд ва хараҳои коҳ сап-сафед метофтанд, дарзахҳои гандуми ба таги суми говҳо канда партофта шуда... Хуллас ҳама чизе, ки дар хирман буд, чун дар рӯи каф намоён, кафи пурсаховат, кафи деҳқон буд хирман...

— Раис имрӯз пайдо нашуд, куҷо бошад? — пурсид аз падараш Садриддин.

— Саҳар қатӣ шӯру мағал хезонда район рафт.

— Чӣ шӯру мағал? Бо кӣ шӯру мағал кард? — Садриддин думи гапашро сар намедод.

— Худаш ба худаш, одами касофат бо сояи худаш чанг мекунад. — Бобои Нусратулло баъд ба онҳо фаҳмонд, ки шаб хонаи Калта одам даромадааст, дарашро чанд бор кӯфтааст. Вай то саҳар дарашро кушода натавонистааст, тарсидааст, ки ӯро мекушанд, — лекин рӯяшро сиёҳ мекунад, кӣ хонаи вай медарояд? Кӣ ҳамун маслука куштан мехоҳад? — гуфт дар охир бобои Нусратулло.

— Дурӯғ намегӯяд.

— Аз куҷо медонӣ? — пурсид аз Рустам бобои Нусратулло.

— Хонаи ӯ ман даромада будам.

— Ту?!

пешина
аз 399
навбатӣ