Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамин рӯзҳоро Қалтаи Мансур дар дараи Лойоб ба сари модари Рустам ҳам оварданӣ.

— Оҷаи Рустам, медонӣ, ман туро чӣ қадарҳо мехоҳам...— Модари Рустам даступо мехӯрад. Одами ба ин рӯзҳо дучор нашуда, ин хел рӯзҳоро надида...

— Биё, ҳа гӯй розӣ шав, оҷаи Рустам, ман ба ту ғулом мешавам, ба ту мемирам... Ин ҷо ҳеҷ кас нест, ҳеҷ кас намефаҳмад, биё, ҷонам шавӣ, розӣ шав...— гуфта, Қалта пештараш меояд, даст ба куртаи ӯ мебарад.

Афту дарафт, часпочасп сар мешавад. Оҷаи Рустам ба вай тан намедиҳад, фарҷёд мебардорад... Хайрият ҳамин лаҳза ба дараи Лойоб бобои Нусратулло меояд... Вай аз нияти Қалтаи Мансур бӯбар шуда аз паяш афтодааст.

Беақл буд Рустам, боз беақлӣ кард: гӯё, ки модараш гунаҳкор бошад, пеши вай, ба хона надаромад... дар рӯи суфа, болои гилеми қоқ ёзид. Дар хона модарашу оҷаи Парвонаи ноком... Рустамро гӯё ба оташ андохта буданд. Шаб нисф мешуду падараш пеши рӯяш. Вай васияти падарро ба ҷо оварда натавонист, оқибат Қалтаи Мансур ба модари ӯ даст дароз кард...

Рустам таги девори миёни ҳавлӣ омад. Ана ҳамон одаме, ки ин корро кард, дар ҳамин ҳавлӣ... Сулфаашро шунид, бедор аст... Даст ба сари девор монда аз он худро ба хонаи Қалтаи Мансур оҳиста нишеб кард, сагҳо аз дуру наздик, аз ҳавлии ҳамсояҳо ак-ак доштанд...


Пагоҳӣ Садриддин ӯро ҷеғ зада аз ҳавлиашон баровард.

— Дадам туро суроғ доранд, — гуфт Садриддин.

— Дар куҷоанд?

— Дар сари хирман.

— Ман ҳоло чой нанӯшидаам, — чашмони хоболудашро бо кафи дастонаш молид ӯ.

— Дар хонаи мо чой мехӯрем, қаймокро ҳам модарам ин пагоҳ барои ту монданд, рафтем, — гуфт Садриддин ва аз дасти Рустам гирифта, ӯро ба сӯи дарвоза кашид.

Ба хирман қариби чоштгоҳ расиданд. Бобои Нусратулло говронаи дарозе дар даст, галагов ҳай мекард.

пешина
аз 399
навбатӣ