Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
— Ҳо дар наздикии чашма,— гуфта вайро нишон додаанд.
Калтаи Мансур аспашро миёни замини гандумаш нодарав ҳай мекунад. Ба гӯшаи тарафи чашма ҳамидан замин меояд, ки он ҷо очаи Рустам бо чанд занҳои дигар сараш паст, гандум медаравид. Болои сари ӯ лаҷоми аспи чавмастро мекашад. Нигоҳаш ба дасту по, ба пешотанаю пешобағали андаке кушода мондаи очаи Рустам. Даҳонаш гӯё меғалтад...
— Очаи Рустам,— ниҳоят ӯ нидо мекунад. Очаи Рустам досташ дар даст сар мебардорад.
— Ту дарав накун,— гуфта фармоиш медиҳад.— Ин тараф биё... ба дараи Лойоб гузар, бандина дарав.
Очаи Рустам музтар шуда меистад.
— Фикр накун, рав, баъд ман ягон занакро ба пешат мефиристам, ҳамроҳат мешавад, бандинаҳоро мебиёрад...
Очаи Рустам ноилоҷ аз ғаллазор мебарояд.
Чӣ гуна мавзеъ будани дараи Лойобро Рустам медонист. Хеле дур, роҳаш чалкиш, пастию баланди. Баҳорон ӯ, Садриддин, Парвона ва дигар бачаҳо он ҷо тамошо мерафтанд, гул мечиданд. Гулҳои сиёҳгӯш, наврӯзӣ... Қаъри дара чуқур... баъзе гӯшаҳояш нури офтобро надидаанд — торик, ваҳмовар. Ба сари одам дар ин дара чӣ балое оранд, мададгор намеёбад, ба до-даш намерасанд. Ана Калтаи Мансур модари ӯро ба куҷо фиристодааст.
— Чиба очаам не, нагуфтаанд? — пурсид Рустам.
— Мо ҳам, бачам, ҳаминро аз вай пурсидем,— гуфт очаи Парвона,— модарат ба вай гап задан намехостааст, душворӣ мекашидааст, азоб будааст...
Очаи Рустам ана дар ҳамин дараи Лойоб то ними рӯз бандина медаравад, то дуриҳояш мерасад. Хулоса, аз паи кораш будааст, ки Калтаи Мансур бо чашмони беҷо, дар пешаш ҳозир мешавад. Очаи Рустам акнун аз мақсади зишти Калтаи Мансур бохабар мешавад.
Ҳафтае аз ин пеш маслук, ба сари зани раҳматӣ Ёсин ҳам чунин рӯз оварда буд. Вай ин зани ҷавонро дар сояи ғанаке хоб дида ба бағалаш медарояд... То ҳол дар Гулоб гапи онҳо... Занаки бечора аз шарму ҳаё дигар аз хонааш берун шуда наметавонад. Калта бошад, даҳонаш то бехи гӯшҳояш расида «Мо як марддия, миёни мокиёни бисёр як хурӯс ҳам лозим» мегӯяд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо