Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
— Ман ба ҳамин риши сафедам дурӯғ мегӯям? — бобои Нусратулло даст ба ришаш бурд: — боз мегӯям, ки дурӯғ аст, очаатро тӯҳмат накун, бас кун!
— Ман амак, вайро мекушам, ба арвоҳи падарам, ба арвоҳи... — Парвона гуфтани буд ӯ, аммо шарм дошт, забонаш нагашт, худашро ба даст гирифта натавонист, боз гирист.
— Ту, бачам, гапи падаратро намегирифтӣ, гапи маро нагирӣ гапи очаатро нагирӣ... намедонам, ҳолат чӣ мешуда бошад... — Мӯйсафед бо алам инро гуфту рафт...
Модараш ҳанӯз дар хона. Рустам пеши ӯ даромада наметавонад. Онҳо ба якдигар чӣ мегӯянд? «Ба шумо Қалтай Мансур чӣ кард? Гапи одамон рост аст?...» гуфта пурсад? Модараш ҳама гапи шудагиро ба вай мегӯяд? Бо кадом забон? Бо кадом рӯ? Наметавонад, забонаш пеши ӯ ба гуфтани ин суханҳо намегардад. Ҳар ду ҳам гап зада наметавонанд, ба рӯи якдигар акнун нигоҳ кардани модару писар душвор... Қалтай маслук дар ҳаққи онҳо корашро кард. Модари Рустам бадном шуд. Рустам паси дари хона ба он «дароям надароям» гуфта мегашт, ӯро гӯё дарде гирифта буд, дарди сӯзмол...
Ба хонаашон занҳо омаданд — барои модарашро таскин додан, барои ҳаққи гапро аз худи ӯ фаҳмидан... Очаи Парвона пеши модараш омад. Номи Қалтай Мансурро шунида, боз аламҳояш тоза шуданд, ки овоз андохт.
— Аҷаб рӯзҳое шуд, қавмое, — вай гуфтор дошт, — дунё бесоҳиб монд, як касе нест, ки сари ҷилави ин мурдорро гирад, вай занҳои шӯдорро бароварда мегирад, хонаҳоро вайрон мекунад. Хоҳад, мекушад, месӯзонад. Илоҳи давраш ботил шавад. Кай ман ӯро ба хуни худаш ғалтон, мебинам? Қай?!...
Рустам аз забони модари Парвона фаҳмид, ки Қалтай Мансур ба модараш чӣ кор кардааст.
Дар заминҳои пушти дара гандум медаравидаанд. Қалтай Мансур ба сари даравгарҳо ҳозир шудааст. Аз асп нафуромада, ҳамаи занҳо, бачаҳоро, ки сар боло накарда гандум медаравидаанд, «боракало, боракало» гуфтааст.
— Зани Абдусалом канӣ? — очаи Рустамро пурсидааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо