Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
ҳам осуда набуд, ё ба ӯ ё ба модараш ягон воқеа рӯй додагӣ барин.
Бобои Нусратулло ба хона даромад.
— Медонӣ, Рустам, падарам барои чӣ ба хонаи шу-мо омаданд? — пурсид Садриддин.
— Не,— гуфт Рустам.
— Рӯи очаат харошидагӣ буд?
— Ҳа.
— Дадом гуфтанд.
— Чӣ гуфтанд?
— Гуфтанд, ки рӯи очаи Рустам хуншор...
Рустам сабабашро напурсид, Садриддин ҳам як нӯ-ки гапро бароварду он тарафашро нагуфт. Рӯ ба офтоб, ки паси теғаҳои баланди кӯҳҳои канори деҳа ме-фуромад, хомӯш менишастанд. Аз хона ғур-ғури гап-зании очаи Рустаму бобои Нусратулло ба гӯш мера-сид. Паст-паст, канда-канда боалам ҳарф мезад очаи Рустам.
— Ба очаат имрӯз Қалтай Мансур дарафтодааст, қишлоқ пури гап,— Садриддин якбора гапи аз Рустам пинҳондоштаашро гуфт. Гуфту бори вазнинеро аз дӯш гузоштагӣ барин осуда нафас гирифт, ӯ боз давом на-муд:
— Барои ҳамин дадам омаданд, ки очаатро наси-ҳат кунанд. Рустам аз ҷояш рост шуда сару рӯяшро бо кафҳояш мемолид, нарм-нарм не, сахт. Сараш, ки ҳанӯз докапеч, озурда буд, аз ин ба дард омад ё не, ҳис накард, қаҳру ғазаб ӯро аз худ бехабар мекард, чӣ гуфтанашро намедонист, дар ҷояш сумак мезад, Гу-лоб дар назараш торик метофт. Бобои Нусратулло аз хона берун омада «Садриддин» гуфт. Садриддин аз па-си падар шуд.
— Амак,— Рустам бобои Нусратуллоро дар таги дарвозаашон аз роҳ нигоҳ дошта пурсид: — Рост аст?
— Чӣ, бачам?
— Фаҳмидам, сир пинҳон накунед.
— Кӣ гуфт? Ту гуфтӣ, падарлаънат? — мӯйсафед ба сари Садриддин дод зад. — Дар ҳеҷ ҷо ҳеҷ гап не, ту ба олам чор меандозӣ? Воҳима мекунӣ? Касофат, гум шаве! — Мӯйсафед аз паси писараш дарвозаро бо қаҳр пӯшида аз роҳаш гашт ва даст ба китфи Рустам гузошт. — Ин гапҳо ҳама дурӯғ, тӯҳмат, бовар наку-нӣ, аз модарат purs.
— Дурӯғ нест, амак.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо