Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҷорӯб ба пешосинаи аспи маст хӯрд, рост-рост аз ҷояш хест.
— Ҳоли ман пеши ту маслуқ, ман худозада? Ман ба дари хонаи ту бехуда наомадаам, ман раиси колхоз, туро кор баро гуфта омадам. Се рӯз боз ту гандумдаравӣ намеравӣ? Барои чӣ? Ба чӣ ваҷҳ? — Аспи Калта рӯ ба суфа хез гирифт. Модар тарсид. Рустам аз бехи девор панҷшохаро бардошт. Ғалогула, ҷанҷолро шунида Салими дароз, ки дар беруни дарвоза гӯш ба кимор меистод, ба миёни ҳавлиашон асп монд. Ӯ ба сари Рустам, ки бо шоха аз паи Калта афтода буд, қамчин андохт, модарашро ҳам дарёфт карда зери лагад гирифт. Модараш ба зарбаҳои қамчин тоб наоварда, «вой доде, дод!!..» гуфта гирьяю нола бардошт. Ҳамсояҳо омаданд. Худи Калта лаҷоми аспи Салими дарозро кашид.
— Назан, ин тааллуқи маро назан,— гуфта хандаи хунук кард.
— Аз кор намон, пагоҳ сари субҳ туро дар гандумдаравӣ, дар замини паси хами Ризо бинам. Агар не, аз хонаат, аз кундаи мӯят дошта рӯ-рӯи замин кашида мебарам. Се рӯз аз кор мондӣ, барои ин ҷавоб мегӯй. Ҷои бачаат — хирман, наравад, мекушам,— гуфт Салими дароз ба модараш ва бо Калтаи Мансур аз хона баромада, аспашро ба роҳи калон андохт.
...Модар аз гандумдаравӣ хеле барвақт, ҳанӯз офтоб дар миёни осмон буд, ки баргашт. Досаш сари китф, хаёлаш чун мӯйҳояш, ки болои чашму абрувон омада буданд, парешон, чашмонаш гирьяолуд, сари рухсораҳо, дастонаш хуншор. Вай досашро ба як сӯ ҳаво дода бегап, беҳарф, аз Рустам ҳолу аҳвол ҳам напурсида, ба хона даромад, болои якаандозе дароз кашида рӯяшро ба болишт пахш кард.
— Оча, чӣ гап шуд? Ягон кас бо шумо ҷанг кард? — Рустам аз остонаи дар надаромада меистод. Аз модараш ҷавоб нашунид. «Дар дашт, дар танҳоиҳо барои падараш нолидааст, рӯю мӯй кандааст». Ӯ ҳам барои падар, ба ёди ӯ, дар фирокаш гирён шуд. Амаки Нусратулло бо писараш Садриддин омад.
— Рустам,— амаки Нусратулло ӯро ба наздаш, ба миёни ҳавлӣ чеғ зад.— Ту, бачам, бо Садриддин дар ҳамин ҷо ист, ё болои суфа баромада шинед, ман ба очаат гап дорам,— гуфт мӯйсафед. Хаёли бобои Нусратулло

пешина
аз 399
навбатӣ