Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
ин хел одамҳо Худо медиҳад. Як бор не як бор «чӣ мегӯй ту, аҳмақ?» гуфта сар боло кунад, ба рӯяш давад, пеши даҳони ин хел касофатҳоро гирад, аз ҳад намегузаранд, андеша мекунанд...
— ...Зани раис мешавӣ, — аз хомӯш истодани очаи Рустам Калтаи Мансур баҷуръаттар шуда буд, — ҳама чиз дар ихтиёрат. Мехӯрдагиат дар пешат, ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки туро аз ин ҷо хеста ба он ҷо шин, гӯяд.
Ту ғайри ман дигар ба касе гӯш надеҳ. Ту аз они худам, барои худам, — овози ӯ пасттар шуда буд, — ман туро талабгор будам, аз хурдиат. Аммо нашуд, душмани ману ту бисёр будааст, мою туро ҷудо карданд.
Ман инро намехостам. Ниҳоят ана кори дунё боз ба диламон шуд. Мурд вай, сагвор мурд. Акнун домони ту ба дасти худам...
«Чаро модараш хомӯш, гунг куру кар шудааст ӯ? Ё худи ӯ ба Калта ҷавоб диҳад?» Рустам ба бори ин гапҳо тоб наоварда пой пеш монд.
— Чӣ гуфтӣ, очаи Рустам? Гапҳои маъқул-а? Андаки дигар вақт гузарад, туро хонаам мебарам. Ҳозир «не» мегуфтагистӣ... Аз марги ин ваданг боз ягон ҳафта гузарад-а? Мардум нагӯянд, ки мурдаро монда, инҳо тутхӯрӣ мекунанд. Кайфу сафоямон баъд сар мешавад-а? Чӣ гуфтӣ, Ҷамилаҷон?
Очаи Рустам, ки то ҳол дар як гӯшаи суфа нишаста, сар аз болои зонувонаш намебардошт, бо ангуштонаш риштаҳои гилемро меканду ӯз мекард, ниҳоят ба Калта рӯй овард. Дар ин чанд лаҳзае, ки ӯ ба очааш гап мезад, гӯё вай даруни дегдоналов месӯхтааст. Рухсораҳояш тафсида, барк мезаданд, аз сару рӯяш арақ мешорид. Рустам шунида буд, ки модараш умре ба рӯи маслук нигоҳ накардааст, ҳарфе ба вай эб надидааст.
«Садкаи гапу ҳарфам шавад» мегуфтласт.
— Чӣ гуфтӣ, Ҷамила? Мою ту аз хурдиамон якдигарро дӯст медорем-а? Душман моро ҷудо кард-а? — пурсид боз Калтаи Мансур.
— Ту маслук, ту худозада! — Модараш гӯё шартшарт бо қамчин ба сару рӯи Калтаи Мансур мефуровард. — Дигаю дубора номи манро ба забон набиёр, ба дилат қошуқ натарош, афтатро дигар ба ман нишон нате, рав! — Модараш ҳам шуда ҷӯроби кундукеро аз пеши пояш бардошт. — Ту маслук, ошиқи ман-а? Э гум шавӣ, даҳон накушоӣ! — ҷӯробро ба сари ӯ ҳаво дод.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо