Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
Калтаи Мансур омад, ҳамон рӯз не, пас аз ду рӯз. Пиёда не, боз савора. Дар ин ду рӯз модараш — як ҷавонзани базебу хузарб худашро хӯрда, ранг дар рӯяш намонда буд. Аз домана хестагӣ барин. Бемадор, хароб, чун тори танбӯр... ҳоли Рустам ҳам бад, аз гирья гӯё таркҳои сараш ковок шуданд. Сараш дард мекард. Албатта Калтаи Мансур чун рӯзҳои ба фронт гусел карда шудани падари Рустам, ки ҳамон рӯзҳо ҳам хонаашон омада буд, намехандид. Даҳонашро ҷамъ карда буд, чеҳрааш яла набуд.
— Оҷаи Рустам, зиқ нашав, ту кирои зиқию ғам надорӣ, медонам, ман туро аз хурдият мед", дилат нозук аст, андак зиқ шавӣ, касал мешарӣ, худатро бой медиҳӣ,— Калта дар пеши модари Рустам аспашро нигоҳ дошт.— Абдусаломро насибаш будааст, имрӯзҳо дар ҷанг як одамҳое мемуранд, ки вай ба нохуни пои онҳо баробар намешавад. Ин Абдусалом чӣ? Як ваданг буд, афташ шум...
Бо ин гапҳояш Калтаи Мансур ба дили Рустам алов андохта дилу ҷигари вайро месӯзонд: падари раҳматии ӯро санг мезанад, таъна мекунад, дашном медиҳад Калта?... Чӣ кор кунад? Ба вай часпад, ба замин кашадаш, пайҳум бандад?... Кушадаш?! Агар ӯро кушад, олам гулистон, ҳама аз ӯ халос... Ба доди Калта дар ин ҷо дар хонаи онҳо кӣ мерасад? Салими дароз? Шиҳаи асп аз пушти хонаашон баланд шуд... Ҳа, Калта дилу гурдаи беодам хонаи онҳо омадан надорад.
— Гуфтам ку зиқ нашав,— ӯ боз ғами оҷаи Рустамро мехӯрд,— бесоҳиб нестӣ. Ман худам соҳиби ту, ман барои ту ҷонамро гӯй фидо мекунам, ҳама чизи дунё, зану фарзандонам садқаи сари ту. Ҳамаашон пеши ту барои ман якпула қурб надоранд. Ту ҳа гӯй, хонаам мебарам, малика мешавӣ, ҳар чӣ дорам, аз они ту, агар хоҳӣ, аҳли ҳамин Гулоби калонро дар хизматат мемонам, занҳоям — ҳам оҷаи Зархон, ҳам зани муаллим Фирдавсӣ чӯриҳоят, ҳамаашон хизматгорат...
Падараш ба Рустам навишта буд, ки Калтаи Ман-сур номи оҷаашро бад накунад, номи бад ганда, гапаш мемонад... Ана ҳоло Калта рӯи рост ба модараш час-пидааст имрӯз не, пагоҳ албатта ягон номаъқулиаш сар мешавад... Бо ин одам вай чӣ гӯяд, чӣ кунад? Мо-дараш барои чӣ хомӯш? Ба вай гап намегардонад, са-раш ҳам. Ҳазор гӯяд, ӯ ҷим. Ана аз ҳамин ҷиҳат ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо