Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

танаш ҷомаи нави сатини кабуд, дар миёнаш рӯймоли гулдӯзии лабонаш шилшиладор, бо салобат қадам монда, ба саҳни масҷид ворид шуд. Бо дидани раис ҳама аз ҷой хеста, бари ҷомаҳои хоколудашонро афшонда, даст пеши бар гирифтанд.
— Марҳамат, раис, биёед, — пазироиаш карданд. Қалтаи Мансур аз ҷӯй, аз пеши Рустам гузашт. Рустам на танҳо ба эҳтироми вай аз ҷояш наҷунбид, баръакс ӯро дида, рӯяшро ба дигар тараф тофт. Қалта ба вай пайҳам як-ду бор теғи нигоҳ давонду кисаҳои пеши бари ҷомаашро саросема ба кофтан даромад. Коғазеро ба даст гирифт.
— Хат аст, раис, — як мӯйсафед пурсид.
— Ҳа, хат, хати марг.
— Хати сиёҳ?! Аз кӣ? — хаёли мӯйсафедон парешон шуд.
— Аз як ҷӯраи худам, — табассуми нозебе гирди лабони Қалтаи Мансур давид.
— Ҷӯраатон? Кӣ вай?
— Отаи Рустам, — гуфт ва коғази шумро пеши ӯ ҳаво дод.

Ақли Рустам гӯё гум шуда буд, коғаз дар рӯи замин мехобид. Онро бардоштан, ба даст гирифтан ба хаёлаш намеомад.
— О бечора. Абдусаломе, наход нобуд шудааст?! Аҷаб одаме буд, мард буд... — мегуфтанд мӯйсафедон. «Падарам мурдааст? Наход ин гап рост аст? Ман акнун падар надорам?» Дили Рустам ба ёди падар гум зад. Дасту панҷаҳояш шах шуданд. Якнима афтод болои хати шум афтод, сари дардмандаш зарб ёфт. «Бардор, баҷаи Абдусалома бардор!» — гуфт мӯйсафеде. Ҳама аз ҷойҳояшон парида хестанд, ба сари ӯ омаданд. Қалтаи Мансур аз ҷояш намеҷунбид, даҳонаш гиз то бехи гӯшҳо, механдид ӯ.
Бардоштандаш, аз ҷӯй ба рӯяш панҷа-панҷа об заданд.
— Мард бош, баҷам, мард бош! Ҳеҷ кас бо падараш якумрӣ назистааст, моҳо ҳам падар доштем, мурданд, аз дунё гузаштанд. Ин дунё, баҷам, аз омад шудаш ҳамин хел — меоянду мераванд, боз оянду раванд, ба навбат, косаи давр...

Золи дунё чун арӯси ороста,
Ҳар замоне шӯи дигар хоста...

пешина
аз 399
навбатӣ