Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳа, — сараш ҳамтар мешуд.
— Парвонаи ман зебо, ба дунё меарзидагӣ буд-а?
— Ҳа.
— Ҳоли ҳам ту вайро нағз мебинӣ?
— ...
— Гӯй, бачам, шарм надор, чиба дар вақташ пешам наомадӣ, нагуфтӣ, ки Парвонаро дӯст медорӣ. Ту вайро нағз мебинӣ, агар нағз намедидӣ, сари гӯраш нанеомадӣ, барои вай намегиристӣ. Садкаат шавам, Рустам, ба ҷои фарзанди калонам бошӣ, Рустам. Гирья кун, овоз андоз, Парвона, гӯй... — Модар рӯймолашро аз сар як тараф афканда, даст ба мӯйҳои парешонаш мезад. «Баламой» мегуфт, «Парвонаам, воҳ Парвонаам!»
мегуфт.


Аз номи падараш мактуб омад. Нома ба номи ӯ. Онро кушод, пеши модар хонд. Падар бо ҳарфҳои нозебу нохонои худ навишта буд: «Рустамҷон, чӣ ҳол дорӣ? Ягон гап нашудааст? Эҳтиёт шав, бачам, ғами ҷони худатро хӯр, бо вай Калта даҳан ба даҳан нашав.
Вай ҳамон Салими дарози аҳмақ қати ба ту ҳар кор карда метавонад... хунгирифтаанд онҳо. Аз куштани одам намегарданд. Ман дар пешат нестам, ки ҳар лаҳза насиҳат кунам... Аз ҳоли модарат ҳам дар ташвиш ҳастам. Вай Калта хона даромада меомадагист.
Аз очаат дилам пуру ба ҳар ҳол метарсам, ки Калтаи маслуқ номашро олуда накунад. Дар ҳаққаш ягон гап шавад, тамом! Гап гандааст, мемонад... Худо нигоҳ дорад, бачам. Дар ҳар кор аз амаки Нусратулло маслиҳат гир. Ман ба вай дарди диламро гуфта будам, амакат одами нағз аст...»
Гӯё падараш шунида ё фаҳмида бошад ба вай таъкид карда буд. Рустамро заданд, ба худ нест, ба бахти падар ва модараш аз сари гӯр гашт...
Сари Рустам докапеч буд. Аз пушти хонаашон дуртар шуд. Пойҳояш ӯро ба тарафи роҳи калон, ба тағи чанорҳои серсояи саҳни масҷид кашиданд. Вай беихтиёр, калавида-калавида ин ҷо омада буд. Чанд нафар мӯйсафедон такя ба кундаи чинор дода менишастанд.
Кадоме аз онҳо ҳикояе мегуфт, мусоҳибонаш чашм ба даҳони вай буданд. Рустам ҳам пешашон омаду болои як санг, ки ба лаби ҷӯй наздик буд, нишаст... Калтаи Мансур, дар пойҳояш ҳамон мӯзаҳои хроми сурх, дар

пешина
аз 399
навбатӣ