Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
шал андохтаӣ будам. Худамро мекушам гуфт, ҳа, ин гапи вайро бо ҳар ду гӯшам шунида будам, кар набу- дам, шунидам. Лекин бовар накардам, ба вай гӯш на- додам. Гуфтам, ки гапҳои беҳуда нагӯӣ, як бедилҳо зану шӯи нағз шуданд, ки... Ин гапҳоям аз тарс буд, духтарам, аз тарси ҷони худам. Тарсидам, ки Калта одами ганда, зарараш мерасад. Худоё, хонаи вай дар- гирад, ба ҳазор бало занад, ғам бинад...
Гоҳо модари Парвона нолакунон то паси дарвозаи Рустамшон омада мерафт. Касе дида будааст, ки ҳа- мон шаби тӯй Парвона чанд бор пушти дарвозаи он- ҳо омада рафтааст. Лаҳзаҳо «дарвозаро кушоям на- кушоям» гуфта истодааст, даст дар занҷири дарвоза. Чуръати онро кушодан накардааст. Оқибат ноумед, нозеҳ шуда пас гаштааст.
— Духтари рӯзнодидам, духтари ҷою манзилко- вам, духтари дармондаам, во духтарам, во духтарам!!— модари Рустам паси дарвозаи онҳо ба зону зада, ҷои истодаи духтарашро тавоф мекард, хоку хасрӯбаҳоро ба дидагонаш молида аз рӯи замин нақши пои Парвона- ро меҷуст. Вай боз ба кадом сӯ роҳ гирифтани ӯро фаҳ- мида наметавонист. Баъд ӯ куҷо рафтааст? Касе на- дидааст... Вале, моҳу ситораҳо, албатта дидаанд, яго- на шоҳидони ҳоли ӯянд. Вале шоҳидони безабон. Он- ҳо ба забон омада ба модари Парвона аз ҳоли зори вай дар он шаб ҳарфе намегӯянд, намегӯянд, ки Парвона аз куҷо ба куҷоҳо сар зад, давиду давид, мондаю шал- пар шуд, нишаст... Не намегӯянд, онҳо хомӯшанд.
Аз зинда будан ё мурдани Парвона модараш хаба- ре ёфта натавонист. Аз сӯзиши дил ӯ дар гӯристони деҳа ба ном гӯри духтаракашро бунёд гузошт. Буду шӯ- ди рӯзгор, чизу чораи хонаашро сарф карда, сангҳои мармар овард. Номи Парвона дар он сангҳои сиёҳу яъсовар нақш ёфтанд. Модар гӯрбони духтараш буд. Сараш болои сангҳои хунуки болои гӯр, сангҳои ху- нук дар оғӯшаш.
Рустам ҳам рӯзе чанд бор сари «гӯри» Парвона ме- омад. Чашм ба номи ӯ, номи ба сангҳои мармари си- ёҳ нақшёфтаи ӯ дӯхта, пеши модараш бо сари хам, бо дидагони ашкбор соатҳо менишаст, худро гунаҳко- ри ҳоли модари Парвона, гунаҳкори нобуд шудани ин духтар меҳисобид.
— Ту Парвонаро дӯст медоштӣ? — мепурсид мода- ри аз худ бехабар аз Рустам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо