Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
...Роҳи байни деҳа ва дарёчаи Сафедобро, ки чи хеле мегӯянд, модари Парвона хӯрда кард. Вай ҳар рӯз қариб сад бор як яктаҳи сони сафеди дарозро аз як нимаш ба сар карда гирёну нолон бо ин роҳ лаби дарё рафта меомад, бехи сангу буттаҳои соҳили он ро меҷӯст, қад-қади оби пуртуғёни дарё то дуриҳо медавид, хастаю беҳол шуда меафтид, лекин аз духтараш нишоне намеёфт. Шунида буд, ки боре як духтари гумроҳшудаи дигар ҳам худро ба ҳамин дарё партофта будааст. Аммо вай барои канда шудани умеди падару модар ва хешовандон рӯймоли сару шаддаи мӯҳраҳои гарданашро болои як санги лаби дарё гузоштааст, баъд як тоқа кафшашро ҳам аз қади дарё ёфтаанд. Парвонаи вай ҳам, агар худашро ба дарё ғарк мекард, ягон нишона мегузошт. Охир беақл набуд вай... Дар дастонаш дастпонаҳои ба ивази як гови багӯсола харидаи модар, дар гӯшҳояш ҳалқаҳои қафасии тилло буд. Дар сар рӯймоли ҳарири сурх, дар бар камзӯлчайи зардӯзии нав дошт.
Модар аз кофтуков, пурсуҷӯи Парвона ноумед гашт, ғами духтараш ӯро девонаавзо намуда буд. Бо сангу чӯб, бо регҳои соҳил, бо ситораҳои осмон, моҳи мунир рӯ меовард, гап мезад:
— Парвонаи маро дидед? Вай ҳамон шаб бо дили пургам, нолону гирён аз куҷо ба куҷоҳо рафт? Хуб гирист, хун аз дидаҳо кард, мегӯед? Вой ба ҳоли духтаракам! Ман мурам ба вай, садқааш, хоки роҳаш шавам!
Модар тасаввур мекард, ки он шаб барои Парвонаи вай шаби муқаррарӣ набуд. Қиёмат буд, даҳшат буд. Шабе, ки бароиш умри азизаш анҷом меёфт, рӯ ба марг, рӯ ба олами нестӣ мерафт... Мададгор, сарпаноҳе меҷӯст, намеёфт... Монда шуда, ҳалқаш хушк гашта... Ба сангҳои сари роҳаш пешпо хӯрд, афтод. Хесту боз рӯ ба роҳи саргумиаш ниҳод...
Аз ситорагон, моҳи мунир пурсон шуд модар.
— Ба лаби дарё омад, мегӯед. Худашро ба оғӯ- ши мавҷҳо афканд? Дидед? Дод аз дасти золим — Қалтаи Мансур, дод аз дасти модарам гуфт? Рост ме- гӯяд духтарам. Айби худам шуд. Аз дидори шуми вай шал безор буд, номашро ба забон меовардем, вайро таб мегирифт. Баъд гапи тӯй, иҷобро баровард Қал- таи рӯсияҳ. Маҷбур шудам, «ман розӣ» гуфтам, духта- рамро ба оташ тела додам, маҷбур вайро ба оғӯши

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо