Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— гуфта, худашро болои ӯ партофт. Одамон Салими дароз ва амаки Нусратуллоро тела дода-тела дода аз хона берун карданд. Миёни ҳавлӣ ҷангу мағал хест. Овози Қалтай Мансур баландтар буд. Ӯ ба амаки Нусратулло мегуфт: «Туро нав фаҳмидам, пирхар, ту ба ин кӯҳнадушманҳои ман ҳамзабон будай, тарафашонро мегирӣ...» Чигуна шаб ҷангу ҷанҷол дар ҳавлиашон файсал ёфт? Намедонад ӯ. Хобаш бурда буд ё аз ҳуш рафта...
Рӯзҳо паи ҳам гузаштанд. Ҳароҳатҳои Рустам рӯ гирифтанд. Вай сари по хеста бо асо ба рӯи ҳавлӣ баромад, то беруни дарвозаашон рафт. Чашм ба роҳу роҳравҳо, сабзаҳо, оби ҷӯйборҳо роҳ мерафт. Ӯ аз Парвона осор меҷуст, аммо нақше аз ӯ пайдо набуд. Модари зору ҳайронмонда ва хешовандонаш — ҳама дар ҷустуҷӯи Парвона буданд. Ба қавле асояшон сӯзан, чорӯқашон ғалбер шуда буд, вале Парвонаро намеёфтанд.


Дар болои ҷӯи қаъри дара пули калоне бино карда будаанд. Аз он мошинҳо мегузаштанд, пиёдаҳо ҳам аз як тарафаш равон буданд. Бобои Рустам аз роҳи мумфарш рӯ ба таги пул поён шуд. Оби ҷӯй чун ҳамон солҳои дар деҳа будани ӯ широсо сафед ва софу беғубор буд. Ӯ асояшро ба танаи санге рост монда, тӯрхалтаашро пеши он гузошт. Хам шуда, хоки рӯи сангеро пуф карду болои он нишаст. Панҷаҳояшро ба оби ҷӯй андохт. Сард буд об. Чанд каф аз он нӯшид. Баъд беихтиёр панҷа-панҷа обро ба сару рӯяш, ба атроф пош додан гирифт. Давраҳои ҷавониаш барин пирамард завқ мебурд, бо об бозӣ мекард. Ду духтари фатиламӯй, ки дар синну сол ба Парвонаи ҳамон солҳои ӯ баробар буданд, аз роҳашон гашта аз болои пул ба бобои Рустам нигаристанд. Дар тааҷҷуб буданд онҳо:
як одами ришаш сап-сафед бо об бозӣ дорад? Онҳо аз куҷо донанд, ки Парвона — духтараке ки ӯ шайдояш буд, хаёли бобои Рустамро бурдааст. Панҷаҳои шахшӯлаш даруни об буданд. Бо ҳамин ангуштон ӯ он шаби бо Парвона ҳамроҳ будан қабзаи мӯйҳои болои чашмонаш хамидаи ӯро сила карда буд... Вай, бобои Рустам Парвонаро ёд дорад, ӯро аз хотир бароварда наметавонад. Пайкари нозукаш, рӯи зебо, мӯйҳои сиёҳмушкинашро ҳам...

пешина
аз 399
навбатӣ