Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
— Ҳамин ҷо бошад, кофта ёбед, — гуфт бо зарда амаки Нусратулло.
— Ту, мӯйсафед, ба ман ситеза дорӣ? Дилат пурбарин-а? Канӣ, саратро паст кун, — даст ба таги манаҳи амаки Нусратулло бурд Калтаи Мансур, — ришатро якта-якта канда мепартоям. Ҳа, канӣ биё, — вале қади Калтаи Мансур ба миёни ӯ баробар намеомад, дастонаш кӯтоҳ буданд.
— Астағфируллоҳ гӯед, раис, аз сари ҷаҳл гардед, — гуфт Салими дароз Калтаи Мансурро ба тарафи худ кашида.
— Ин одам ба ҳаминҳо наздик. Бо Абдусалом ҳамроҳ мегашт, кораш бо вай пичир-пичир буд... Душман аст, ман душманро катиам гирифта гаштаам. Сазоям ҳамин, мӯйсафед гуфта бовар кардам. Садкаи риши сафед шавӣ, беимон, шайтон! — боз пештари амаки Нусратулло омад. Лекин пирамард дигар ба суханҳои ӯ ҷавоб намегуфт.
— Парвона канӣ? Вайро куҷо пинҳон кардед? — ба сари модари Рустам фарёд бардошт Калтаи Мансур. — Гӯй, ҷояшро нишон деҳ, набошад, худату писаратро кушта мепартоям, ҳозир мекушам, мезанам! — Ӯ хонаҳои онҳоро хокпарчак карданӣ буд.
— Мо аз куҷо донем, ки Парвона канӣ. Мо ба шумо Парвонабонем? Вай сӯзан набошад, ки пинҳон кунем. Агар дар хонаи мо бошад, кобед, ёбед, — гуфт модари Рустам.
— Ҷамила рост мегӯяд, — амаки Нусратулло гӯё тоқати хомӯш истодан надошт.
— Чӣ хел рост мегӯяд? — муштҳои Калтаи Мансур гиреҳ шуданд.
— Парвона хонаи инҳо наомадааст, беҳуда бечораҳоро ташвиш додем. Ҳоли бачааш вазнин, раҳм накардед, вайро қариб куштед, — гуфт амаки Нусратулло.
— Салим, мешунавӣ, ин пирхар чӣ мегӯяд? Душмани ману ту катиамон будаасту мо бехабар. Вайро ҳоло худат як хору мол кун, пагоҳ он тарафашро ман худам ҳал мекунам.
— Ман безор, раис, аз ҳамин вазифаи ту додагӣ.
— Аблаҳ, ҳозир, худи ҳозир аз раис узр пурс, тавба кардам гӯй, — Салими дароз аз гиребони ҷомаи амаки Нусратулло дошт. Дар миёни хоначаи хурдакаки онҳо кашмакаше шуд. Кӣ киро заданашро намедонист. Модари Рустам «бачаҳакамро пахш мекунеде, мемураде»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо