Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

хун омад. Хун болои пешона, сари рухсораҳояш шорид.

— Начунб, бачам, начунб. Ин хонасӯхтаҳо ба ту чӣ карданде, вой дод, вой бачаҳакам, хонаам сӯхт, хона-ам дар пуштам шуд. Рустамҷон, бачаҳаки ҷонаме, — гӯё Рустам аз олам гузашта буд, ки модар фиғону нала бардошт, овоз андохт... Садои «Шоҳмуборакбод»-гӯии тӯякиҳо баланд гашта буд.

— Парвона маро интизор аст, оча! Маслиҳат карда будем. Вай акнун чӣ мекунад? Ҳолаш чӣ мешавад? Куҷо меравад? Маро хезонед, ёрӣ расонед, оча! — Рустам боз майли хестан кард.

— Хоб кун, бачам, начунб, боз хун сар накунад, бачам! — модар аз зӯри алам дуруст гап зада наметавонист.

Оҳиста-оҳиста садои сурудхонии тӯякиҳо паст мешуд. Рустам дигар онро намешунид. Ӯ хоб буд? Ё аз ҳуш рафт? Ба ҳар ҳол чашмонаш пӯшида буданд.

Дарвозаи ҳавлиашонро бо сангу чӯб тарақ-тарақ мезаданд. Ва хонаашон гӯё ба ларза меомад.

— Оча, мешунавед, оча? — Рустам лаби кӯрпаро аз пеши рӯяш фуровард.

— Ҳа, бачам, мешунавам.

— Чиба дарвозаамонро мезананд?

— Намедонам, бачам.

— Ягон гап ҳаст, боз ба сари ман...

— Не, натарс, бачам.

— Набошад...

Дари хона бо шаст кушода шуд. Рӯи ҳавлӣ лаболаби одам гашта буд. Садои поймонӣ, гуфтугӯ... Одамон дар даст шоха, таёк, калтак, машъалҳои фурӯзон доштанд. Ба хаёли Рустам, ки хоб аст, хоб мебинад. Не, ӯ хоб набуд, аз ҳуш ҳам нарафтааст. Қалтай Мансур ва Салими дароз дар миёни хона пеши ӯ меистоданд. Амаки Нусратулло ҳам. Онҳо тахти кӯрпаҳоишонро канда, ба ҳар тараф ҳаво доданд. Даруни чахдегу кухлӣ, сандуқҳояшонро кофтанд, таги тахтмон, оғилу кохдон ва болохонаҳоро хабар гирифтанд. Ҳама ҷойро сӯзанкоб карданд.

— Гуфтам-ку, раис, вай ин ҷо нест, — қошу қавоқи амаки Нусратулло овезон буд.

— Ин ҷо наомада, куҷо меравад? Ба таги замин! Вай дар ҳамин ҷо, — таъкид намуд Қалтай Мансур.

пешина
аз 399
навбатӣ