Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

хонаашон дид. Модараш болои сараш. «Бачаҳакам, вой бачаҳаки ҷонам!...» гӯён мегирист ӯ.
— Оча, — гуфт ӯ ва ҳис кард, ки сараш дард мекунад, сарашро бо дока бастаанд, дасту по кашида наметавонад, аъзои баданаш чун дар даҳони мор месӯ-зад, устухонҳояш ҳама шикастаанд. — Оча, гуфт ӯ боз.
— Ҷони оча, очаْш қурбон шавад, бачам! — Модар оби дидагонашро бо лаби остини дарози куртаи гулдӯ-зиаш аз сари рухсораҳояш пок кард. Аз як гӯша ча-роғи карасин ба хона хира-хира равшанӣ медод.
— Парвона канӣ? — ба худ набуд Рустам.
— ...
— Об, — гуфт ӯ.
— Ана об, — чойники обро ба даст гирифт модар. Рустам сарашро андаке аз рӯи болин бардошта, об нӯшиданӣ шуд. Вале шарораҳои оташ пеши чашмо-наш париданд. Оташакҳо рақсиданд. Дуди ғафс фа-ғона зада хонаашонро сип-сиёҳ гардонд. Вай дар миё-ни оташу дуд монд. Модараш «Рустам, Рустамҷон!!!» мегуфт. Аммо вай дигар суханони модарро нашунид. Дар замин буд ё дар осмон? Тасаввур намекард.
Доираву таблак мезаданд, паси дару деворҳояшон садои гурум, гурум... Мардум-хурду калон суруди «Шоҳмуборакбод» мехонданд.

Шаҳи зарнигор, чашмонат хумор,
Мо орзу дорем, шах биёяд савор...

Дар хоб не, дар бедорӣ мешунид ӯ ин сурудро.
— Оча, «Шоҳмуборакбод?» — чашм кушод Рустам.
Модар ҳанӯз болои сараш нишаста, ашк мерехт, эс-ри лаб Қалтаи Мансурро дуои бад мекард.
— «Шоҳмуборакбод?» — боз суол кард ӯ.
— Ҳа, бачам.
— Қалта тӯй дорад? Тӯи Парвона?!
— Не, бачам, тӯй нест, ҳеҷ кас тӯй надорад, — ба-рои таскини дили ӯ тӯи Парвонаро аз писараш пинҳон доштан мехост.
— Оча, ман хеста наметавонам. Парвона маро интизор аст, худаш гуфта буд, меравам! Маро ҳезонед, очаҷон, — Рустам хестанӣ шуд. Пойҳояш карахт бу-данд, сараш кӯҳ барин вазнин. Бо азоб сарашро аз болои бистар бардошт, аммо баланд шуда натавонист. Аз зери қабатҳои дока, ки ба гирди сараш баста буданд,

пешина
аз 399
навбатӣ