Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

хам медод, ҳаму рост мешуд. Як камчини калта баногоҳ ба сари Парвона бархӯрд. «Вой» гуфта ӯ бо панҷаҳояш пеши чашмонашро дошт, ба замин нишаст.

— Ту чӣ кардӣ, касофат? Духтарро мезанӣ? Ман акнун туро мекушам, халосӣ намеёбӣ, аҷалат расида будааст. — Баъде ки Парвона лат хӯрд, дунё гирди сари Рустам гашт. — Ту бо ман гап зан, духтарро чиба задӣ, номард! — Рустам гӯё бол бароварда, ҷаҳида ба лаҷоми аспи ӯ чанг андохт, даст ба каштали ҷомааш бурд, бо як силтав вайро аз болои зин ба зер, ба пеши пойҳояш афканд. Ба сару рӯяш бо мушт, бо лагат мезад, рӯ-рӯи санг, хоку кум кашолаш мекард.
Хаёлаш, ки ҳар қадаре ин зотро занад, дилаш хунук намешавад. «Мекушам, туро кушам ҳам, хабар намеёбам», — гӯён барои Парвона, барои падараш мезад ӯро, мур гуфта мезад.

— Салим!! Ҳой Салим!!!... — Ҷонҳавличон фарёд бардошт Қалтаи Мансур. Савораи ҳамроҳаш Салими дароз будааст. Рустам шунида буд, ки Қалтаи Мансур дар торикӣ ва дар танҳоиҳояш бе ин одами бешараф намегардад, рост будааст. Ӯ дар як дам чун балои осмонӣ ба сари Рустаму Парвона расид. Аз аслаш пиёда шуд, дастаи камчинро миёни панҷаҳояш мефишурд.

— Салим, ту куҷо гуму гӯр шуда рафтӣ, намебинӣ, аҳмак, канӣ инро соҳиб шав, — мегуфт Қалтаи Мансур даруни хоку лой ба худ ҷӯлида.

— Рӯятро ба тарафи ман гардон, маро бин, бин, ки дар хаёлат монам, — Салими дароз ба китфи Рустам панҷа андохт. Рустам хаёл кард, ки устухонҳои китфаш шикаста орд шуданд. Вале худашро аз даст надод, ба вай рӯ ба рӯ истод. Падараш гуфта буд: «Вай номард Салими дарозро медонӣ... Метарсам, ки ҳамин одам ба ту зиён нарасонад». Ҳоло Рустам ба панҷаи ҳамин одам афтода буд. Ӯ ба сараш қамчин бардошт. Рустам дасти ӯро доштанӣ шуд, вале зӯраш нарасид. Қамчин бо шаст, бо шиддат ба сараш фуромад.
Хаёлаш, ки аз сар, аз чашмонаш оташаке берун ҷаста ба дара паҳн шуд, оламро сиёҳӣ, дуди ғафс пӯшид. Болои чашмонаш хун фуромада ба хаёлаш, ки миёни дарёи хун монд. Ҳеҷ ҷойро намедид. Нолаю ғиреви Парвона ба гӯшаш омад. «Вайро куштӣ, Рустам мурд, вай мурд!!» мегуфт ӯ. Дигар чӣ қадар ӯро заданд, ё назаданд, дар ёд надорад. Вақте ба ҳуш омад, худро дар

пешина
аз 399
навбатӣ