Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
— Номаъкул кардӣ, ин хел фикрҳоро ба сарат набиёр, ману ту бо ҳам мешавем, ману ту зиндагӣ мекунем, ба пирӣ мерасем...
— Кошкӣ.
— Ист, хомӯш шав, — Рустам худро аз паси кундайи чанор андаке берун кашида, ба ҷониби роҳ гӯш андохт. — Мешунави? — гуфт. Парвона наздикаш омад.
— Ҳа, овози гуфтугӯ.
Ду аспакӣ ба ҷониби чинор назар доштанд. Онҳо, аз афташ, Рустаму Парвонаро дидаанд, пай бурдаанд. Яке аспашро ба пеш маҳмез зад. Қалтай Мансур буд ӯ.
— Рустам? Парвона?! — овози Қалтай Мансур ба таври даҳшатнок садо дод. Парвона худро бо ҳарос ба Рустам ҷафс кард. Нигоҳаш маъсумона, имдодхоҳона. Қалтай Мансур бо шӯру мағал дараро ба сар мебардошт.
— Бо зани дар фотиҳаи додари ман ту ин ҷой? — аспашро ба болои Рустам ҳай кард. — Намедонӣ-а, ҳаромӣ? Ё дидаю дониста, баркасд?! Дар вақташ духтари нағз дидагии мана падарат аз роҳ зада буд, вай кори аз дасташ неомадагиро дар ҳақкам кард, шармандаю беобрӯ шуда будам. Боз ту ҳамин хел кор карданӣ? Навбат ба писараш-а? Не, ин пилтай хомро аз гӯшат бардор. Он рӯзҳо дигар буданд, гузаштанд, рафтанд. Имрӯз даври ман, ман хӯҷаини қишлоқ! Ҳама зӯру нозӯр дар ихтиёрам. Лаганбардор, побӯси мананд ҳама! Ту, падарат, очат, хешу табор, зоту зурриётат ҳам. Кистед шумоҳо дар пеши ман? Алаф! Хоҳам ҳамаатонро аз рӯи замин даравида мепартоям. Ҳоли падарат ба ту панд нашуд? Зада-зада говишкам кардамаш, пеши пойҳоям афтода зорӣ, тавалло кард. Ана ҳоло куҷо аст ӯ? Пеши очаат? Дар миёни ҷанг аст, хабари маргаш меояд, дер не, имрӯз-пагоҳ! Ана баъд занашро тӯй карда мегирам, хонаам мебарам. Арвоҳи падарат шод мешавад. Худатро ҳозир, дар ҳамин дараи бефаръёд зада мекушам. Мурдаатро зоғу занбурҳо хӯрда мераванд. Ту мемурӣ, нобуд мешавӣ... — Қалтай Мансур аспашро зери камчин гирифт. Асп гирди Рустаму Парвона чарх мегашт, сумак мезад. Бо ҳар давр гаштани асп Қалтай Мансур аз рӯи зин хам шуда ба сӯи ӯ камчин меандохт. Қамчинҳояш ба ҳаво мерафт, ба Рустам намерасид, кӯтоҳии дасту қоматашро ҳис карда, Қалтай месӯхт, дар мегирифт. Ба сари Рустам боз ва боз камчин мебардошт. Вале намерасид. Рустам худро

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо