Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
ӯро аз оринҷ болотар бар зад, банди дасташро ба лабонаш расонд, вале нагазид.
— Дилам намешавад, намегазам.
— Нағз мебинӣ?
— Ҳа.
— Гап дорам гуфта будӣ?
— Онсӯтар равем, мегӯям, — сангҳои калон-калони таги чанорро бо ангушт ба ӯ нишон дод Рустам.
Онҳо аз санг ба болои санге парида чанд шохаи оби ҷӯйро гузаштанд. Паси кундаи чинор ҷои назарпаноҳе буд. Чанори калоне, гӯё шохаҳои он то ба қуллаҳои пурбарфи кӯҳ расида. Кундааш ғафс, арғамчинҳои нӯкӣ ба нӯк ҳам ба гирдаш намерасид. Ба хаёли ошиқон аз ин ҷо ҷои паноҳу осудатаре набуд.
— Хайр, ана, ҷои паноҳ ҳам ёфтӣ, маро ба ҷое овардӣ, ки додамро ҳеҷ кас намешунавад, худо худатро инсоф диҳад, — ханда дар гирди лабони Парвона сайр дошт. — Гӯй гапатро.
— Ман аз ту дигар ҷудо намешавам, Парвона.
— Гапат ҳамин?
— Ҳа, меравем.
— Куҷо?
— Намедонам, рӯи дунё кушод. Мою ту кӯдак не, ҷою манзил ёфта метавонем.
— Майлаш, Рустам, меравем, роҳи дигар нест, — гуфт духтар ва пас аз лаҳзаҳои сукунат пурсид: — Кай аз қишлок мебароем? — Аз ҳаяҷон ё аз ҳарос буд, ки овози Парвона ларзид.
— Ҳамин шаб, дар болои себ интизор мешавам.
— Ҷои нағз ёфтӣ-а?
— Қулай, қадаммониҳоятро ҳисоб мекунам, аз назарам паноҳ шуда наметавонӣ.
— Майлаш, Рустам, лекин ман метарсам. Чӣ хел мешуда бошад?
— Натарс.
— Натарсам мегӯяму боз метарсам. Баъд... модарам чӣ мекунанд? Дар азоб мондаанд: ғами ман, алами дадам... Раҳмам меояд.
— Агар нагурезем, тӯй мешавад, хоҳӣ нахоҳӣ, Калта туро ба хонааш мебарад, ба додари шалаш...
— Тӯй намешавад, ту вай шалро ба хотири ман набиёр, ман роҳи осони аз вай халос шуданамро ёфтагӣ. Ҳеҷ ки нашуд, ман худамро мекушам, нобуд мекунам, ана баъд ёбанду гиранд, тӯй кунанд...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо