Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
— Ту бачам, ҳоли ёшӣ-дия, ёш, — гуфтаҳои падарашро ба ӯ такрор карду рафт.
Модараш ҳам лаб таги дандон монда буд. Аз ҷои шишташ болои гилемчаи рӯи пешайвон нахест, аз паи амаки Нусратулло ба гуселаш набаромад. Аз афташ, гапҳои дурушти писараш ба ӯ ҳам асар карданд. Рустам бо ҳамон оташинӣ аз паи корҳояш афтод. Дари оғилро кушод, таги пои гову гӯсолаҳоро бо ҷӯрӯб рӯфт, оғилро тоза кард, ба охурҳо коҳу алаф оварда рехт. Аз чӯи пушти хона як сатил об оварда пеши маркаб монд, ба охури он ҳам коҳу ҷав андохт... Гову гӯсфандҳояшонро аз сари пода гардонд. Ҳамин тавр бо ғазаб, бо ҳисси нафрати зиёд нисбат ба Қалtai Мансур давида-давида корҳои хонаро анҷом дод, бегоҳ шудани рӯзро нафаҳмид. Вақти ваъдагӣ бо Парвона наздик расида буд. Бо дили ҳичил, табъи гирифта, дар ҳолате ки ба хаёлаш аз воқеаҳои онрӯза замину осмон ба сараш гирдгардон буд, ба ҷои ваъдагӣ — ба дарае, ки ҳоло пирамард Рустам боз аз он ҷо мегузашт, омад.
...Парвона кӯталро нишеб мешуд. Парвонаи вай... Дар қади болояш бимирад, қурбони хандаю карашмаҳояш шавад. Зебанда аст, бандааш мешавад. Аз роҳи ишқи ӯ намегардад, боз мегӯяд; вайро кушанд, нобуд кунанд ҳам! Вай қасам ёд кард: Қасам ба замину офтоб, қасам ба дунёи равшан!
— Омадӣ, Парвона? — Гӯё аз гап наёфтанаш буд, ки пурсид аз ӯ.
— Меоям гуфта будам-ку!
— Нағз шуд, ки омадӣ. Наеомадӣ, хонаатон мерафтам.
— Наметарсидӣ?
— Не, барои ту дигар ман аз ҳеҷ кас наметарсам, ҷон медиҳаму туро аз даст намедиҳам, ту акнун азони манӣ.
— Қай боз?
— Аз дина...
— Пеш чӣ?
— Ҳама вақт туро дӯст медоштам.
— Рост мегӯӣ? Шӯхӣ намекунӣ?
— Дастатро ба ман деҳ.
— Чӣ мекунӣ?
— Мегазам, ҳамин хел сахт мегазам, ки...
— Дилат шавад, ана газ, — Парвона дасташро аз таги остини куртааш баровард. Рустам остини куртаи

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо