Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
Ҳамин рӯз, қарибиҳои пешин амаки Нусратулло ба хонаашон омад. Қосид, фиристодаи Қалтаи Мансур... Амаки Нусратулло, ба қавли худаш, ноилоҷ монда омада будааст. Вай дар пеши модари Рустам илтиҷо мекард.
— Биё, гапи мана гир. Хонааш рав. Чӣ илоҷ, вай маслуқ ҳаминро мехостааст ташвишаш зиёд...
— Чӣ ташвиш дорад? — бо дили нохоҳам пурсид очаи Рустам.
— Намедонистагӣ барин гап мезанӣ-а? Пагоҳ-беғоҳ тӯй, келин мефурорад. Аз ин суханҳои бепарвоёна гуфтаи амаки Нусратулло Рустам бесаранҷом шуд. «Келин мефурорад? Хоб мебинад, насибаш намекунад, ман намурдам, хоки Қалтаро бод мекунам, тӯяш мотамаш, маргаш мешавад». Ӯ ба худ дар гуфтугӯ буду гӯшаш ба амаки Нусратулло.
— Дар хонааш ду зан, занҳое, ки Қалта ба ноҳуни пои онҳо намеарзад. Баъд қишлоқ пури сағиру кабир, беваю бечора. Хоҳад, ба сар давида корҳояшро мекунанд. — Димоғи модари Рустам аз амаки Нусратулло сӯхта буд, ки рӯяшро аз ӯ тофт.
— Ду зан мегӯӣ? Вай зани муаллим ӯро писанд мекунад? Бо зӯрию сиёсат вайро хонааш бурдааст... Билоалазин дасти ин занакро қапида наметавонад. Худо занакҳоро инсоф диҳад, набошад вай худаш чӣ... мӯйсафед завқ бурда хандид.
— Сағи ботабъ бо вай нон намехӯрад.
— Ҳоло ҳамин ҷанахс ба сарамон калон.
— Давраш ботил мешавад.
— Гуфтам-ку очаи Рустам, биё, ҷанҷоли бисёрро ба сарамон нахарему хез хонааш рав, қатори одамсан ҳамон ҷо ист, намо-намо кун. Бо ҳамин Қалта хурсанд бошад, хайр гӯй. Вай бо ту чӣ карда метавонад?..— Боз хандид амаки Нусратулло.
Дар лабони модараш ҳам табассум дамида:
— «Хайр»...— гуфт.
— Чӣ гуфтед? — Аз ҷавоби модар сари Рустам чарх зад.— Шумо хонаи Қалта рафтагӣ? Падарам дар ҷанг бошанд ҳам, ман ҳастам. Ман хонаи вай Қалтаро оташ мезанам... Шумо ҳеҷ ҷо намеравед, аз ҷоятон намеҷунбед...
Амаки Нусратулло дар сари қаҳру ғазабаш ба вай чизе гуфтан нахост, ки аз ҷояш хест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо