Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
посбон, нигаҳбонашон буданд. Парвона дамидани субҳро тамошо карда ба Рустам сӯҳбат дошт.
— Медонӣ, Рустам, имшаб ман барои чӣ бо ту будам? — дар чашмони Парвона қатраҳои ашк дурахшиданд.
— Не.
— Ман худамро нобуд мекунам...
Чӣ шабе буд он шаб. Ҳаргиз аз хотири бобои Рустам немеравад. Ёди он шаб, ёди Парвона ӯро дар дами пирӣ зинда кард, ба Гулоб овард.
Бобои Рустам ба қаъри дара нишеб шуд. Ҳанӯз ҳамон як осиёби об, ки дар хурдсолӣ канораш менишаст, аз ин ҷо ҷорӣ буд. Оби соф... тоза. Пирамард лаби рӯд омаду болои як санг гузашт. Хам шуда ду-се каф об нӯшид. Об равон буд. Аз рӯи сангҳо ғелида... моҳичаҳо аз қаъраш намоён. Думи зебояшонро бозӣ доронда, дар як лаҳза аз таги санг ба бехи санги дигар мехазиданд, ё рӯ-рӯи оби сард мавзун шино доштанд.
Сангрезаҳои қаъри об чун шиками моҳиҳо сафед буданд. Аз рӯи ваъда бори охир бо Парвона дар ҳамин дара, чанд қадам болотар аз ҷое ки ҳоло нишастааст, дар таги ҳо ана он ҷанор вохӯрданд, ҷаноре ки нисбат ба он рӯзҳо сернавда, баланду боҳашаматтар менамояд.
Говгум буд. Рустам пештар аз Парвона дар ин ҷо ҳозир шуд, ӯ ҳам меомад, кӯталро мефуромад. Ба назари Рустам ӯ Парвона не, балки моҳе буд, ки аз сари кӯтал рух намуда. Оҳиста ягон-ягон қадам монда меомад. «Пойҳояш озор набинанд». Аз шабе ки дар боғи бобои Ризо бо ҳам буданд, ӯ барои Рустам Парвонаи дигар аст. Ҷону ҷигар, рӯҳу равони вай аст. Ба ҷуз дар зиндагӣ ҳамроҳу як ҷо будан бо ин духтар дар дил дигар марому орзуе надорад. Кош ҳаёташ, мамоташ бо ӯ пайвандад, нафасе, лаҳзае аз ӯ ҷудо набошад.
Ба хаёлаш ҳам акнун оварда наметавонист, ки Парвона азони каси дигар мешуда бошад. Не, ин хел фикр ба дилу ёди вай намегунҷад, Парвонааш аз они вай аст, ҳа. Барои ин духтар вай дигар аз марг рӯ наметобад, барои Парвона ҷон медиҳад, беормон мемирад.
Парвона нанг, номуси вай аст, вай падараш барин не!
Парвонаашро ҳифз мекунад, метавонад, зӯру тавон дорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо