Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
— Бас кун, Парвона! — Рустам аз ҷояш хеста нишаст.
— Ман ин хел умед надоштам, орзуҳоям бисёр буданд. Фикр мекардам, ки бо ҳам рӯз мебинем, ҳамроҳ мешавем... Худам туро диданӣ будам, хонаатон рафтам, лекин модарат...
— Гуноҳи модарамро бахш, Парвона, илтимос... хоҳиш мекунам.
— Хайрият, ки омадӣ, нағз шуд...
— Чӣ гуфтанӣ ту? Маро азоб надеҳ, гап зан.
— Илоҷи дигар надорам, ман ӯро намехоҳам...
Чароғҳои деҳа хомӯш гардида хонаҳо яке аз паи дигаре дар оғӯши торикӣ пинҳон мешуданд. Дар деҳа сукунате ба амал омада буд. Танҳо аз баъзе ҳавлиҳо гоҳ-гоҳ аккоси саг ва аз поёни деҳа садои дарёчаи Сафедоб ба гӯш мерасид.
Парвона хомӯш пеш мерафт. Рустам аз бари вай қадам мемонд. Ба даруни дарахтони бисёр даромаданд. Рустам аз банди дасти Парвона гирифта, ба роҳ гаштанаш ёрӣ медод.
— Чӣ, мо имшаб хоб намеравем, Парвона? — ӯро аз роҳаш нигоҳ дошт Рустам.
— Хоб? Дар ин ҷо кӯрпа набошад, болишт набошад...
— Рӯи суфаи таги зардолу равем-чӣ?
— Он ҷо ба хонаи мо наздик.
— Наздик бошад чӣ?
— Гуфтугӯямонро мешунаванд.
— Овоз намебарорем.
— Раваду...
— Хунук намехӯрем?
— Мехоҳӣ ман туро гарм кунам? Имшаб ман бо ту ҳамроҳ, фақат як шаб...
— Кошки, лекин як имшаб не, фақат, доимо...— Гӯшҳои Рустам ба хаёлаш ғуввос заданд, вай дигар ҳарфу сухани Парвонаро намешунид. Дилаш, пайкараш, ҷисму ҷонаш меларзид. Парвонаро ба оғӯш мекашид, аз оғӯш гирифтани вай серонаш набуд. «Буҷук»
гуфт Парвона, боз ҳамон гапаш дар забон буд: «Буҷук охир, буҷук», ин шеваи ширини Парвона аз лавҳи дил, хаёлаш сутурда намешавад, ҳаргиз, ҳеҷ гоҳ! Ин садоро мешунавад имрӯз, ҳоло ҳам...
Субҳ медамид. Ягон-ягон ситораҳои боқимонда ҳанӯз болои сарашон аз осмон ба онҳо назора доштанд,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо