Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

— Дидӣ, Рустам, метарсӣ. Лекин ман бо ту маслиҳат накарда, роҳамро ёфтам, роҳи бисёр осон...

Рустам ҳайрон буд, ки Парвона чӣ роҳи осоне ёфта бошад. Напурсид. Ӯ тасаввур карда наметавонист, ки Парвонаро аз ин роҳ халосӣ бошад. Вай акси хоҳишу талаби Қалтаи Мансур чӣ кор карда метавонад. Деҳа дар ихтиёраш, одамонаш ҳам. Парвона ҳанӯз кӯдак, чизе намефаҳмад. Хоҳад нахоҳад тӯй мекунанд, ӯро ба хонаи Қалтаи Мансур мебаранд, зани шали Абдул мешавад. Ҳамсояи Рустам, дар бехи бинияш. Рустам ӯро рӯзе даҳ бор дар хонаи шал мебинад, мебинаду сӯхта-сӯхта мемирад.

Парвона болои сабзаҳо чунгак нишаста буд. Пойҳояш дард карданд магар, ки рост хест. Зулфони чун пари зоғ сиёҳаш болои рухсораҳои гулобитобаш омада буданд. Бо ангуштон зулфонашро маҳин-маҳин шона мезад ва пеши Рустам мегашт.

— Рустам, ситораҳо хушрӯй-а? Осмон ҳам, дунё ҳам...— Нигоҳаш ба ситораҳои болои кӯҳ буд.— Ҳамин боғ ҳам, ҳама ҷо хушрӯй.

— Худат-чӣ? — Пеши пойҳои духтар дароз кашида буд Рустам.— Худат аз дунё, аз тамоми олам зеботарӣ. Қадат ниҳол, мӯйҳоятро бин, паси поят ҳамидаанд, чашмонат, рӯят, дастонат...

— Боз чӣ мегӯӣ?

— Он чӣ мегӯям, рост аст, дурӯғ нест...

— Ситораҳо, офтобу моҳ пеш аз ману ту ҳам будаанд-а?

— Муаллим Фирдавсӣ мегуфтанд-ку дунё кӯҳна.

— Баъди сари мо ҳам ситораҳо мебароянд-а?

— То он рӯз, худат мегӯӣ-ку, як чувол умр лозим. Пир мешавем, баъд он тарафаш кӣ медонад, ки чӣ гап мешавад...

— Барои ман наздик.

— Чӣ наздик?

— Рӯзе, ки ситораҳоро дигар набинам, бо онҳо хайр гӯям...

— Чиба ин хел гапҳои беҳуда мегӯӣ?

— Чҷум,— ба ҷои надонам, ҳамин сухани дӯстдоштаашро ба забон овард Парвона ва беихтиёр хандааш омад, вале дарҳол боз симояш ғамолуд гашт,— аз ҳам ҷудо мешавем, Рустам, якумрӣ, тамоман. Лекин ту маро аз хотир набарор, ба ёд биёр...

пешина
аз 399
навбатӣ