Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Китобҳояшро гузошта, саросема аз дарвоза берун шуд. Ба саволҳои «Аз мактаб дер омадӣ? Боз куҷо?»-и модар ҷавоб нагуфт, сӯи хонаи холаш тохт. Гӯё он ҷо ҷону ҷигар, олами вай буд... «Хуб шуд, ки холаш Нозимиро ҷавоб надоҷ, хонааш бурд...» боз ва боз аз ӯ миннатдорӣ мекард. Нозимӣ қариб аз пағоҳӣ намак начашидааст, гурусна аст. Мушарраф медонист, лекин хомӯш буд... Баракат биёбад, зинда бошад холаш, аз модараш ҳам ба вай меҳрубонтар аст ӯ.


Баъд... Ӯ ба деҳаи онҳо пой тоза кард, бисёр меомад: ба мактаб, ба колхоз, ба хонаи ҳар кас, ба хонаи холай ӯ. Модар хонда буд холай Мушаррафро, писарони ӯро бародар мегуфт. Аз ҷамоаи онҳо аз ҳад зиёд хабару мақола, очерк менавишт, як пояш дар колхози онҳою пои дигараш дар район — дар идораи газета... (Дар роҳ монда буд). Аз муносибати байни онҳо дар деҳа, дар мактаб бӯбар шуда буданд. Ҳар боре бо имзои Нозимӣ дар рӯзномаҳои марказ ё рӯзномаи район чизе чоп мешуд, «ку хонем, язна чӣ навиштааст» гуфта дар ҳозирии вай киноя мезаданд. Мушарраф бошод, худро ба карӣ меандохт, гӯё ин хел пичингҳоро намешунид.

Мактабро хатм кард. Номаи камол гирифтанд. Ҳамон рӯз Нозимӣ ҳозир шуд... Мудир ӯро боз ба ҳуҷраи кории худаш ҷеғ зад. Онҳоро боз танҳо монду «кор дорам», гуфта баромада рафт.

— Ана, мактаб ҳам тамом шуд, Мушарраф. Рӯҳи деҳаатонро аз омаду рафт хӯрда кардам, дар як рӯз ду бор ҳам омадам.

— Миннат мекунед? Хайр, намеомадед. Ё ман зорӣ мекардам? Биёед мегуфтам? — дар лабони Мушарраф табассум омад.

— Худам пеши шумо зорӣ мекардам. Ман барои як духтари хушрӯи ин деҳа, ситораи тобони он — барои шумо меомадам. Бовар кунед, ки ман ҳамаи қишлоқҳои район, мактабҳои онро гаштаам. Лекин шумо баринашро надидам, дар ҳеҷ ҷой. Шумо дигаред.

— Барои ҳамин кашолаю овораед...

— Шумо ба ягон духтар монанд нестед. Ман ҳам барои сурататон ва ҳам барои сирататон фидо мешавам. Аз рӯзе шуморо дидам, ҷовид бод он рӯз, бо худ наям.

пешина
аз 399
навбатӣ